Фирӯз Баҳор бастакори номдори тоҷик

Фирӯз Баҳор: аз рушди зиндагии мардуми Тоҷикистон ифтихормандам

64
(Таҷдидшуда 10:16 13.11.2017)
Ин нуктаро бастакори номдор-Фирӯз Баҳор дар ҷаласае дар Олмон гуфтааст

ДУШАНБЕ, 13 ноя- Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВУХ, рӯзи 10 ноябр дар бинои сафорати Тоҷикистон дар Берлини ба муносибати 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.

Ин ҷамъомад бо ширкати доираҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву илмӣ, донишҷӯён ва аъзоёни Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон баргузор гардид.

Дар назди ҳозирин бастакори шинохтаи тоҷик Фирӯз Баҳор, ки чанде пеш бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе сафар карда буд, баромад намуда гуфт: "Аз рушди Тоҷикистон ва зиндагии шоистаи мардуми тоҷик хеле ифтихормандам".

Ба гузориши манбаъ, Фирӯз Баҳор дар назди ҳозирин аз эҷодиёти худ якчанд оҳанг пешниҳод кардааст.

Фирӯз Баҳор дар Олмон
Фирӯз Баҳор дар Олмон

Ҳамчунин дар ин чорабинӣ, афири Тоҷикистон дар Олмон-Маликшо Неъматов дар назди ҳозирин бо маърӯзаи "Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ — Иҷлосияи тақдирсоз барои давлату миллати Тоҷик" баромад намудааст.

Сафири Тоҷикистон қайд кардааст, ки маҳз Иҷлосиси 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пойдевори сулҳу салоҳ ва рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид.

Аз номи Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон сардори Раёсати кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Аврупои Шарқӣ ҷаноби Михаэл Зиберт баромад намуда, ҳозиринро ба ҷашни 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин бо 25-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Олмон ва Тоҷикистон табрик гуфтааст.

64
Барчаспҳо:
дидор, ҷаласа, ВУХ-и Тоҷикистон, Фирӯз Баҳор, Маликшоҳ Неъматов, Олмон
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров

Лавров дар бораи танишҳо дар марзи Тоҷикистону Қиғизистон: Русия омодаи кӯмак аст

209
(Таҷдидшуда 19:58 26.05.2020)
Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров аз Тоҷикистону Қирғизистон даъват кардааст, ки дар марз аз истифодаи нерӯ худдорӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 26 мая — Sputnik. Ҷониби Русия аз Тоҷикистон ва Қирғизистон даъват меорад, ки дар марз аз истифодаи силоҳ даст кашанд ва омода аст, ки ҳамчун миёнрав хизмат кунад. Дар ин боравазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров баъди нишасти вазирони умумири хориҷа дар ҷаласаи СПАД гуфтааст.

 "Ин вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мутаассифона бори аввал нест. Мо аз шариконамон даъват меорем, ки онҳо роҳи маслиҳатомезро пеш гиранд ва ҳарчи тавонанд аз истифодаи қувва худдорӣ кунанд. Мо омодаем ҳамчун миёнрав хизмат кунем. Ҳарчи зудтар вазъият ба эътидол ояд, ҳарчи беҳтар аст. Дар ин бора имрӯз ба дӯстонамон ҳам гуфем", - таъкид кардааст Лавров.

Ёдрас мешавем, 24 май бар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таниши навбатӣ ба миён омад. Марбонони ҳарду кишвар тир кушоданд.

Марзбонии ду давлат ҳодисаро гуногун тавзеҳ доданд.

Фаврӣ: тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзи ид

Қирғизистон сокинони Ворухро дар гузаштан ба минтақаи қирғизҳо барои чарронидани чорво муттаҳам кард, аммо ба иттилои КДАМ Тоҷикистон баръакс, чӯпонҳои қирғиз дар ҳудуди деҳаи Пули Офтобрӯяи ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, ки бо деҳаи қирғизнишини Мойнок ҳамсарҳад мебошад, вориди қаламрави Тоҷикистон гардида, ба муноқишаи навбатӣ бо сокинони наздимарзии ҶТ даст заданд.

209
Члены движения Талибан, архивное фото

Ғанӣ амр дод, ки то 2 ҳазор маҳбуси Толибонро раҳо шаванд

149
(Таҷдидшуда 11:12 25.05.2020)
Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ тасмим гирифт, ки тақрибан ду ҳазор маҳбусони толибонро дар посух ба оташбас ба иди Фитр озод кунад

ДУШАНБЕ, 25  май — Sputnik. Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ амр дод, ки то 2000 нафар аъзои ҷунбиши радикалии Толибон раҳо карда шаванд, гуфт сухангӯи ӯ Седик Седикки.

Қаблан Толибон дар Афғонистон аз қатъи тирпаррониҳо давоми се рӯз ба ифтихори Иди Фитр хабар доданд. Президенти Афғонистон инро истиқбол кард ва изҳор дошт, ки раванди озодшавӣ аз маҳбасҳо ҷонибдорони ҷунбиши радикалии Толибон суръат хоҳад ёфт ва аз Толибон даъват карда шуд, ки раҳоии маҳбусонро низ суръат бахшанд.

"Президент Ғанӣ имрӯз (якшанбе) Ҷараёни раҳо кардани 2000 нафар маҳбусони толибонро ҳамчун иқдоми хайрхоҳона дар посух ба эълони оташбаси онҳо дар замони Иди Фитр оғоз кард. Ҳукумати федералии Афғонистон пешниҳоди сулҳро тавсеа медиҳад ва барои таъмини муваффақияти раванди сулҳ қадамҳои минбаъда меандешад "гуфт Сиддиқӣ дар Твиттер.

Ёдовар мешавем охири моҳи феврал, дар як маросим дар Қатар, ИМА ва гурӯҳи радикалии Толибон аввалин созишномаи сулҳро зарфи беш аз 18 соли ҷанг имзо карданд, ки хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар тӯли 14 ва гуфтугӯи сулҳро пешбинӣ мекунад.

Муколама миёни ҳукумати Ғанӣ ва Толибон моҳи март пас аз раҳоии маҳбусон аз ҳарду ҷониб оғоз шуд.

149
Барчаспҳо:
оташбас, раҳоӣ, маҳбусон, Толибон, Ашрафғанӣ Аҳмадзай, Афғонистон