Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, акс аз бойгонӣ

Алмосбек Отамоев бори охир ба Русия меравад

43
(Таҷдидшуда 11:35 17.11.2017)
Алмосбек Отамбоев бори охир ба ҳайси раисҷумҳури Қирғизистон ба Русия сафар мекунад

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев барои ширкат дар маросими ифтитоҳи Форуми фарҳангии байналмилалии Санкт-Петербург ба Русия меравад, хабар медиҳад РИА Новости.

Гуфта мешавад, Отамбоевро ба форуми мазкур раҳбари Русия Владимир Путин даъват кардааст.

Дар рафти сафар раисҷумҳури Қирғизистон дар маросими ифтитоҳи форум ширкат меварзад ва бо Владимир Путин мулоқот мекунад.

Ин сафар барои Отамбоев ба ҳайси раисҷумҳури кишвараш бори охрин хоҳад шуд, ки ӯ мақомашро пас аз ҳафтае тарк мекунад.

Пештар дар Қирғизистон интихоботи раисҷумҳур баргузор шуд, ки дар он Сооронбой Ҷээнбеков пирӯз шуд. Раисҷумҳури тозаинтихоб аз моҳи декабр ба фаъолият шуруъ хоҳад кард.

43
Барчаспҳо:
раисҷумҳур, сафар, Алмосбек Отамбоев, Дар ҷаҳон