Имомуддин Сатторов-сафири Тоҷикистон дар Русия

Таҷлили Рӯзи раисҷумҳур ва 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI ШО ҶТ дар Маскав

43
(Таҷдидшуда 20:11 18.11.2017)
Дар Русия ба муносибати 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии вазорати хориҷаи ҶТ, рӯзи 15 ноябр дар бинои сафорати Тоҷикистон дар Русия-Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шуд.

Ин ҷаласа бо ширкати меҳмонони расмӣ, олимону нависандагон, шоирон, намояндагони созмонҳои муҳоҷирии тоҷик аз минтақаҳои гуногуни Русия, устодону донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои шаҳри Москав ва дигар чеҳраҳои шинохтаи Тоҷикистон, ки феълан дар қаламрави Русия кору фаъолият доранд, баргузор шуд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия
© Фото : Аз вазорати хориҷаи Тоҷикистон
Сафорати Тоҷикистон дар Русия

Ба гузориши манбаъ, чорабинии мазкурро сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов оғоз намуда, қайд кард, ки маҳз ба туфайли қарорҳои қабулнамудаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди низоми нави давлатдории тоҷикон, заминаҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гузошта шуд.

Дар охир иштироккунандагони чорабинӣ дар бораи хидматҳои таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи сиёсати хориҷии кишвар ва зарурати ҳифзу таҳкими минбаъдаи арзишҳои миллӣ, инчунин боло бурдани эътибори  Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

43
Барчаспҳо:
ҷаласа, Имомуддин Сатторов, Русия
Члены движения Талибан, архивное фото

Ғанӣ амр дод, ки то 2 ҳазор маҳбуси Толибонро раҳо шаванд

88
(Таҷдидшуда 11:12 25.05.2020)
Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ тасмим гирифт, ки тақрибан ду ҳазор маҳбусони толибонро дар посух ба оташбас ба иди Фитр озод кунад

ДУШАНБЕ, 25  май — Sputnik. Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ амр дод, ки то 2000 нафар аъзои ҷунбиши радикалии Толибон раҳо карда шаванд, гуфт сухангӯи ӯ Седик Седикки.

Қаблан Толибон дар Афғонистон аз қатъи тирпаррониҳо давоми се рӯз ба ифтихори Иди Фитр хабар доданд. Президенти Афғонистон инро истиқбол кард ва изҳор дошт, ки раванди озодшавӣ аз маҳбасҳо ҷонибдорони ҷунбиши радикалии Толибон суръат хоҳад ёфт ва аз Толибон даъват карда шуд, ки раҳоии маҳбусонро низ суръат бахшанд.

"Президент Ғанӣ имрӯз (якшанбе) Ҷараёни раҳо кардани 2000 нафар маҳбусони толибонро ҳамчун иқдоми хайрхоҳона дар посух ба эълони оташбаси онҳо дар замони Иди Фитр оғоз кард. Ҳукумати федералии Афғонистон пешниҳоди сулҳро тавсеа медиҳад ва барои таъмини муваффақияти раванди сулҳ қадамҳои минбаъда меандешад "гуфт Сиддиқӣ дар Твиттер.

Ёдовар мешавем охири моҳи феврал, дар як маросим дар Қатар, ИМА ва гурӯҳи радикалии Толибон аввалин созишномаи сулҳро зарфи беш аз 18 соли ҷанг имзо карданд, ки хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар тӯли 14 ва гуфтугӯи сулҳро пешбинӣ мекунад.

Муколама миёни ҳукумати Ғанӣ ва Толибон моҳи март пас аз раҳоии маҳбусон аз ҳарду ҷониб оғоз шуд.

88
Барчаспҳо:
оташбас, раҳоӣ, маҳбусон, Толибон, Ашрафғанӣ Аҳмадзай, Афғонистон
Пограничный столб. Таджикско-афганская граница.

250 нафар: Тоҷикистон шаҳрвандони Афғонистонро раҳо кард

774
(Таҷдидшуда 15:33 24.05.2020)
Тоҷикистон ҳудуди 250 шаҳрванди Афғонистонро иҷозаи хуруҷ аз марзҳояшро дод. Аксари онҳо донишҷӯёни макотиби олӣ будаанд

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Мӯҷибуллоҳ Маликзода, атташеи фарҳангии сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин афрод рӯзҳои шанбеву якшанбе аз гузаргоҳи марзии "Панҷи поён"-и Тоҷикистон ба "Шерхон Бандар" – и Афғонистон гузаштанд.

Вай афзуд, аксари онҳо донишҷӯёни макотиби олии Тоҷикистонанд.

"Вақте вазорати маорифи Тоҷикистон донишҷӯёнро қабл аз муҳлат рухсат кард, бачаҳои мо ба далели банд будани марзҳо натавонистанд ба хонаҳояшон баргарданд ва мувоҷеҳи мушкилоти молиявӣ шуданд”, - гуфт Мӯҷибуллоҳ Маликзода.

Тибқи иттилои сафорати Афғонистон дар Душанбе, ҳудуди 400 донишҷӯ, унвонҷӯёни магистириву доктори ин кишвар дар макотиби олӣ, магистратураву докторантураҳои Тоҷикистон машғули таҳсилу пажӯҳиш мебошанд. Аз ин теъдод таҳсили 70 нафар бо бурсияи давлати Тоҷикистон сурат мегирад.

Донишҷӯёни Афғонистон дар риштаҳои тиб, иқтисод, сиёсат, молия, муҳандисӣ, фанновариҳои ҷадид ва дигар фанҳо таҳсил мекунанд.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳанӯз 30 апрели соли ҷорӣ донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бар асоси бо як қарори Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии бемории "вируси корона" ё COVID-19 рухсат карда буд. 10 май бо як қарори дигар хатмкунандаҳо низ рухсат шуданд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои атташеи фарҳангии сафорати Афғонистон дар Душанбе, ҳудуди 30 нафари дигар, ки инфиродӣ ва ё бо аҳли хонавода дар Тоҷикистон қарор доштанд ва то ба ҳол банд монда буданд, низ муваффақ ба тарки ин кишвар шуданд.

Омори нигаронкунандаи коронавирус дар Афғонистон: 178 фавт ва беш аз 7 ҳазор дардманд

"Инҳо афроде буданд, ки барои тафреҳ, хабаргирии наздикон ва тадовӣ ба Тоҷикистон омада буданд. Вазъи молиявии эшон низ дар ин миён ба вахомат гароид. Хушбахтона, рӯйхати афродро, ки мо ба вазорати мӯҳтарами хориҷаи Тоҷикистон ироа кардем, қабул шуд ва иҷозаи убури марзро доданд. Ҳарчанд рӯзҳои истироҳат буд, марзбонони тоҷик шаҳрвандони моро ба он сӯи дарё интиқол доданд”, - гуфт Мӯҷибуллоҳ Маликзода.

Дар ҳамин ҳол, ин танҳо мавриди вижаи иҷозаи шаҳрвандони Афғонистон аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон аст. Марзҳои ду кишвар то замони номаълум дигарбора баста хоҳанд монд.

Тоҷикистон сар аз 16 март охирин гузаргоҳҳои марзиаш бо Афғонистон – "Панҷи поён" – ро баста буд.

774
Барчаспҳо:
донишҷӯён, шаҳрвандон, Афғонистон, Тоҷикистон
Пробирка с тестом на коронавирус в руках

Теъдоди дардмандони коронавирус дар Ӯзбекистон марзи 3 ҳазор маризро убур кард

0
(Таҷдидшуда 12:42 25.05.2020)
Дар Ӯзбекистон ҳамакнун теъдоди умумии маризони сироятии коронавирус ба беш аз 3 ҳазор нафар баробар шуд

ДУШАНБЕ, 25 мая — Sputnik. Дар ин кишвар давоми шабонарӯзи гузашта боз 16 ҳолати ҷадиди мубталошавӣ ба ин маризӣ сабт гардид, хабар медиҳад ситоди фаврии назди ҳукумати Ӯзбекистон.

Бо илова шудани 16 мавориди ҷадид, шумораи умуми дардмандон ба 3 180 нафар баробар шуд.

Манбаъ меафзояд, рӯзи гузашта дар Ӯзбекистон 49 ҳолат, рӯзи шанбе - 79 ва рӯзи ҷумъа 69 мавриди нав ба қайд гирифта шуд.

Тамдиди қарантина дар Ӯзбекистон ва афзоиши мубталоён ба коронавирус дар Қирғизистон

Бино бар маълумоти ситоди мазкур, феълан дар ин кишвар 602 бемори мубтало ба коронавирус таҳти табобат ва назорати амиқи табибон қарор доранд.

Пизишкони ӯзбек вазъи се маризи вируси COVID-19 - ро бисёр вазнин арзёбӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл Ӯзбекистон хабар дода буд, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон низ бо аломатҳои маризии коронавирус дар дармонгоҳҳои ин кишвар ба табобат фаро гирифта шуданд.

0
Барчаспҳо:
афзоиш, теъдод, маризон, Узбакистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон