Эмомалӣ Раҳмонро Озода Раҳмон, Убайдуллоев ва Расулзода ба Минск гусел карданд

© Sputnik / Карен ЕпремянВизит Президента РТ Эмомали Рахмона в Армению
Визит Президента РТ Эмомали Рахмона в Армению - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҷумҳурии Белорус сафар кард

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари корӣ ва иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус сафар кард.

Гуфта мешавад, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбекишвардорро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон Озода Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар ПЭмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ, вазири мудофиа, котиби Шӯрои амният, вазири кишоварзӣ, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ имрӯз дар шаҳри Минск баргузор мешавад. Расонаҳои Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар назар аст раисҷумҳур дар ҳошияи ин сафар бо чанде сарони кишварҳои аъзои СААД мулоқоти дуҷониба анҷом диҳад.

Лентаи хабарҳо
0