Исломобод, акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон дар чаласаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ширкат кард

62
Зимни ҷаласа нақшаи барномаю лоиҳаҳо ва ҷадвали чорабиниҳои СҲИ барои соли 2018 тасдиқ гардиданд.

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳайъати Тоҷикистон дар ҷаласаи 28-уми Шурои банақшагирии минтақавии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) ширкат кард.

Бино бар иттилои манбаъ, ҷаласа дар шаҳри Исломобод баргузор гардида, зимни он нақшаи барномаю лоиҳаҳо ва ҷадвали чорабиниҳои СҲИ барои соли 2018 тасдиқ гардиданд.

Гуфта мешавад, дар ҷаласаи мазкур ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ширкат варзид.

"Дар суханронии роҳбари ҳайъат самтҳои авлавиятноки ҳамкории кишвар бо СҲИ ва роҳҳои тақвияти ин ҳамкорӣ таъкид гардиданд. Зоҳидӣ дар мавриди чорабиниҳое, ки  соли оянда дар Душанбе доир мегарданд, аз ҷумла Иҷлоси навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲИ сухан ронда, аз кишварҳои узви созмон ҷиҳати иштироки фаъол дар ин чорабиниҳо даъват ба амал овард",-гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар доираи ҷаласаи Шӯрои банақшагирии минтақавӣ мулоқоти Муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Халил Иброҳим Акча доир гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои тадорукот ва баргузории иҷлоси 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲИ (моҳи апрели 2017, Душанбе) мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Ҷонибҳо инчунин дар мавриди роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар давраи Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории иқтисодӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

62
Барчаспҳо:
ҷаласа, СҲИ, Покистон, Тоҷикистон
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров

Лавров дар бораи танишҳо дар марзи Тоҷикистону Қиғизистон: Русия омодаи кӯмак аст

192
(Таҷдидшуда 19:58 26.05.2020)
Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров аз Тоҷикистону Қирғизистон даъват кардааст, ки дар марз аз истифодаи нерӯ худдорӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 26 мая — Sputnik. Ҷониби Русия аз Тоҷикистон ва Қирғизистон даъват меорад, ки дар марз аз истифодаи силоҳ даст кашанд ва омода аст, ки ҳамчун миёнрав хизмат кунад. Дар ин боравазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров баъди нишасти вазирони умумири хориҷа дар ҷаласаи СПАД гуфтааст.

 "Ин вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мутаассифона бори аввал нест. Мо аз шариконамон даъват меорем, ки онҳо роҳи маслиҳатомезро пеш гиранд ва ҳарчи тавонанд аз истифодаи қувва худдорӣ кунанд. Мо омодаем ҳамчун миёнрав хизмат кунем. Ҳарчи зудтар вазъият ба эътидол ояд, ҳарчи беҳтар аст. Дар ин бора имрӯз ба дӯстонамон ҳам гуфем", - таъкид кардааст Лавров.

Ёдрас мешавем, 24 май бар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таниши навбатӣ ба миён омад. Марбонони ҳарду кишвар тир кушоданд.

Марзбонии ду давлат ҳодисаро гуногун тавзеҳ доданд.

Фаврӣ: тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзи ид

Қирғизистон сокинони Ворухро дар гузаштан ба минтақаи қирғизҳо барои чарронидани чорво муттаҳам кард, аммо ба иттилои КДАМ Тоҷикистон баръакс, чӯпонҳои қирғиз дар ҳудуди деҳаи Пули Офтобрӯяи ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, ки бо деҳаи қирғизнишини Мойнок ҳамсарҳад мебошад, вориди қаламрави Тоҷикистон гардида, ба муноқишаи навбатӣ бо сокинони наздимарзии ҶТ даст заданд.

192
Члены движения Талибан, архивное фото

Ғанӣ амр дод, ки то 2 ҳазор маҳбуси Толибонро раҳо шаванд

149
(Таҷдидшуда 11:12 25.05.2020)
Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ тасмим гирифт, ки тақрибан ду ҳазор маҳбусони толибонро дар посух ба оташбас ба иди Фитр озод кунад

ДУШАНБЕ, 25  май — Sputnik. Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ амр дод, ки то 2000 нафар аъзои ҷунбиши радикалии Толибон раҳо карда шаванд, гуфт сухангӯи ӯ Седик Седикки.

Қаблан Толибон дар Афғонистон аз қатъи тирпаррониҳо давоми се рӯз ба ифтихори Иди Фитр хабар доданд. Президенти Афғонистон инро истиқбол кард ва изҳор дошт, ки раванди озодшавӣ аз маҳбасҳо ҷонибдорони ҷунбиши радикалии Толибон суръат хоҳад ёфт ва аз Толибон даъват карда шуд, ки раҳоии маҳбусонро низ суръат бахшанд.

"Президент Ғанӣ имрӯз (якшанбе) Ҷараёни раҳо кардани 2000 нафар маҳбусони толибонро ҳамчун иқдоми хайрхоҳона дар посух ба эълони оташбаси онҳо дар замони Иди Фитр оғоз кард. Ҳукумати федералии Афғонистон пешниҳоди сулҳро тавсеа медиҳад ва барои таъмини муваффақияти раванди сулҳ қадамҳои минбаъда меандешад "гуфт Сиддиқӣ дар Твиттер.

Ёдовар мешавем охири моҳи феврал, дар як маросим дар Қатар, ИМА ва гурӯҳи радикалии Толибон аввалин созишномаи сулҳро зарфи беш аз 18 соли ҷанг имзо карданд, ки хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар тӯли 14 ва гуфтугӯи сулҳро пешбинӣ мекунад.

Муколама миёни ҳукумати Ғанӣ ва Толибон моҳи март пас аз раҳоии маҳбусон аз ҳарду ҷониб оғоз шуд.

149
Барчаспҳо:
оташбас, раҳоӣ, маҳбусон, Толибон, Ашрафғанӣ Аҳмадзай, Афғонистон