Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Эмомалӣ Раҳмон ба Русия меравад

874
(Таҷдидшуда 11:57 25.12.2017)
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26 декабри соли 2017 ба Русия меравад

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Дар ин бора як манбаъ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми декабр барои ширкат дар нишасти ғайрирасмии Шӯрои раҳбарони кишварҳои узви ИДМ ба Маскав меравад.

Ба иттилоъи манбаъ, раисҷумҳури Тоҷикистон дар чорчӯби ин сафар бо раҳбарони кишварҳои узви ИДМ суҳбат хоҳад кард.

Интизор меравад, ки сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Русия як рӯз давом мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон субҳи рӯзи сешанбе ба Маскав мераваду шом ба Душанбе боз мегардад.

874
Барчаспҳо:
ширкат, дидор, сафар, ИДМ, Эмомалӣ Раҳмон, Русия, Маскав
Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (222)