Премьер-министр Узбекистана Абдулла Арипов

Сарвазири Узбакистон бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекунад

210
(Таҷдидшуда 14:06 08.01.2018)
Сарвазири Узбакистон Абдулло Орипов бо сафари корӣ ба Душанбе меояд

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Интизор меравад, ки нахуствазири Узбакистон бо сафари кории ду рӯза 10-11 январ ба Душанбе меояд.

Гуфта мешавад, ки дар ин  сафар сарвазири Узбакистон бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дидор ва мулоқот мекунад.

Зимни дидору гуфтушунидҳои ӯ бо шахсони расмии Тоҷикистон масъалаҳои омодагии сафари расмии кишвардори Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе, ки аввали фасли баҳор дар назар аст, баррасӣ мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев
© Фото : Аз хадамоти матбуотии раисҷумҳур

Дар баробари ин, дар ҷараёни сафари Орипов ба Душанбе масоили густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни ду кишвар, суръат бахшидан ба ҳаллу фасли масъалаи таъйин ва аломатгузории қитъаҳои баҳснок дар марз баррасӣ хоҳад шуд.

Ёдоварӣ мекунем, ки рӯзи 6-уми январ хабар дод, ки кишвари ӯ бо давлатҳои ҳамсоя муносиботи хуб ба роҳ мемонад.

"Зеро ҳеҷ ҳамсояи бадро пас аз марг касе намебахшад"-гуфтааст Мирзиёев. 

Ҳамчунин раисҷумҳури Узбакистон эълом карда, ки барои сафар ба Тоҷикистон омодагӣ мебинад ва дар ин росто нахуствазири кишвар Абдулло Орипов ба наздикӣ ба Душанбе меравад.

"Мо қарордодҳои зиёде ба имзо мерасонем, роҳҳои оҳанро боз мекунем ва хатҳои барқро аз нав васл мекунем. Дигар масъалаҳои зиёдеро баррасӣ мекунем"-хабар дод Шавкат Мирзиёев. 

210
Барчаспҳо:
сафар дидор, Абдулло Орипов, Эмомали Раҳмон, Тошканд, Душанбе
Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (153)