Лавров: Тарҳи бузурги уросиёии Русия Осиёи Марказиро муттаҳид мекунад

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкПресс-конференция министра иностранных дел РФ С. Лаврова
Пресс-конференция министра иностранных дел РФ С. Лаврова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вашингтон метавонад аз ҳамкорӣ дар чорчӯби гурӯҳи С5+1, ки Амрико, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистонро дар бар мегирад, суъистифода кунад, гуфт вазири умури хориҷии Русия

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Сергей Лавров имрӯз дар ҷаласаи натиҷагирӣ аз амалкарди яксолаи Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, ки Маскав мухолифате бо ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шарикони хориҷӣ надорад.

Аммо вай таъкид кард, ки ин равобит бояд бо эҳтиром ба таъаҳҳудоте сурат бигиранд, ки миёни Русия ва кишварҳои ҳамсояаш вуҷуд дорад.

Вазири умури хориҷии Русия бо ишора ба гузоришҳое гуфт, Амрико қасд дорад аз ин чорчӯб суъистифода кунад ва кишварҳои Осиёи Марказиро дар тарҳи Осиёи Марказии Бузург шомил кунад, ки Амрико бо ҳадафи густастани равобити ин кишварҳо бо Русия тарроҳӣ кардааст.

“Ҳадаф аз тарҳи амрикоии Осиёи Марказии Бузург равонасозии фаъолиятҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба самти ҷануб — ба сӯи Афғонистон ва густастани равобиташон бо Русия аст”, — тавзеҳ дод Лавров.

Вазири умури хориҷии Русия таъкид кард, ки ҳадафи Маскав аз роҳандозии тарҳи бузурги уросиёӣ муттаҳид кардани ҳама кишварҳои Уросиё дар як созмони ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷории густарда аст.

Лавров: мы не против, чтобы страны ЦА расширяли внешнеполитическое партнерство
Лентаи хабарҳо
0