Город Астана, архивное фото

Тоҷикистон ва Қазоқистон ба якдигар замин медиҳанд

138
(Таҷдидшуда 18:40 17.01.2018)
Тоҷикистон ва Қазоқистон бар асоси тавофуқнома ба якдигар якҳекторӣ замин барои сохтусози намояндагиҳои дипломатӣ медиҳанд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Бар асоси тавофуқнома миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳар кадоме аз ин кишварҳо ба дигарашон якҳекторӣ заминро ба муддати 49 сол бо нархи намодин иҷора медиҳанд.

Ба гузориши Sputnik Қазоқистон, дар ин қитъа заминҳо намояндагиҳои дипломатӣ чун сафоратхона ва консулгариҳо сохта хоҳанд шуд.

Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон ҳамакнун дар шаҳри Остона – пойтахти нави ин кишвар ҷой дорад.

Гуфтанист, чанде пеш яке аз намояндаҳои Маҷлиси Қирғизистон аз давлати он кишвар хост сафоратхонаи Қирғизистон дар Тоҷикистонро аз Душанбе ба Хуҷанд бикӯчонад.

“Бештарин бахши ҳамкориҳои Қирғизистон бо Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд амалӣ мешаванд, вале мо дар ин шаҳр намояндагие надорем. Масъалаи бурдани сафорат ба он шаҳрро бояд баррасӣ кунед”, — хостор шудааст Таабалдӣ Тиллоев аз ҳукумати кишвараш.

138
Барчаспҳо:
консулгарӣ, сафоратхона, Қазоқистон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Қазоқистон ва Туркманистон марзу бумашонро мушаххас карданд
Ёрии башардӯстона: Қазоқистон ба Тоҷикистон як ҳазор тонна мазут дод
Қирғизистон ва Қазоқистон буҳрони марзиро ҳалл карданд
Шатранҷбози тоҷик дар Қазоқистон комёб шуд