Аслов бо муовини вазири умури хориҷаи Узбакистон дар чӣ бора суҳбат кард

© Аз ВУХСироҷиддин Аслов ва муовини вазири корҳҳои хориҷаи Узбакистон
Сироҷиддин Аслов ва муовини вазири корҳҳои хориҷаи Узбакистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо муовини вазири корҳои хориҷаи Узбакитон Саидикром Ниёзхоҷаев дидор ва мулоқот кардааст

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik.  Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов муовини вазири корҳои хориҷии Узбакистон Саидикром Ниёзхоҷаевро, ки ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи 12-уми "Муколамаи Осиёи Марказӣ+Япония" ба шаҳри Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфт.

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон
Шавкат Мирзиеёв барои сафар ба Тоҷикистон омодагӣ мебинад

"Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карда, оид ба масоили минтақавию байналмилалӣ табодули афкор намуданд", —омадааст дар хабарнома.

Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба наздикӣ аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард. Дар ин бора раисҷумҳури Узбакистон зимни ҷаласае дар Тошканд гуфт, ки "мехоҳад яхи бистсоларо об кунад", гарчанде ин кор осон нахоҳад буд.

Сафари Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Дмитрий Попов тавзеҳ дод. Ӯ қайд кард, ки муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Узбакистон дар чорчӯби дидори ду раисҷумҳур дер боз муҳокима нашудааст.

"Сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон чандин бор ба таъхир гузошта шуда буд. Омодагиҳо ва гуфтушунидҳо наонқадар осон даст дода истодааст, вале ба ин нигоҳ накарда пешравӣ ҳаст", — гуфт Дмитрий Попов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон. 

Дар баробари баррасии масоили роҳи оҳан ба гуфти коршиносн сарони кишварҳо дар бораи муносиботи тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, ки дар сатҳи паст ҷойгиранд, баррасӣхоҳанд кард.
Коршинос мегӯяд, ки дар ин дидор Шавкат Мирзиёев масоили об ва нерӯгоҳи Роғунро баррасӣ нахоҳад кард.  

Лентаи хабарҳо
0