Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков, архивное фото

Раисҷумҳури Қирғизистон имрӯзу фардо меҳмони Тоҷикистон аст

91
(Таҷдидшуда 12:26 01.02.2018)
Раҳбарони Тоҷикистон ва Қирғизистон имрӯз дар шаҳри Душанбе дидор мекунанд

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Дафтари матбуъотии раёсати ҷумҳурии Қирғизистон иттилоъ дод, ки Сооронбой Жээнбеков имрӯз бомдод бо сафари расмии дурӯза Душанбе равон шуд.

Дар ҷараёни ин сафар Сооронбой Жээнбеков бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон равобити дуҷониба, амнияти минтақа, ҳамкориҳои иқтисодӣ, энержӣ, масоили марзӣ, тиҷорат ва роҳҳои иҷрои тарҳи “CASA-1000"-ро баррасӣ хоҳад кард.

Ҳамчунин қарор аст, ки кишвардори Қирғизистон бо нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дидору гуфтугӯ кунад.

Сороонбой Жээнбековро дар ин сафар вазири умури хориҷа Эрлан Абдилдаев, мудири равобити хориҷии Датсгоҳи раёсатҷумҳурӣ Ойзода Субакожоева, сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Мирослав Ниёзов, вазири роҳу таробарӣ Ҷамшедбек Халилов, вазири иқтисод Артём Новиков, вазири кишоварӣ, саноеъи хӯрокворӣ ва обёрӣ Нурбек Мурашев, вазири тандурустӣ Талантбек Ботуралиев, раиси Хадамоти давлатии марзбонӣ Уларбек Шаршеев ва дигар масъулин ҳамроҳӣ мекунанд.

91
Барчаспҳо:
Сооронбой Жээнбеков, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон-Қирғизистон
Мавзуҳо:
Сафари расмии Жээнбеков ба Тоҷикистон (8)
Мавзуъ
Раисҷумҳури Қирғизистон дар оғози моҳи феврал ба Тоҷикистон хоҳад омад
Қирғизистон қарордоди ҳамкории низомӣ бо Русияро тасвиб кард
Коршинос: дидгоҳи Тоҷикистону Қирғизистон ба баҳрабардорӣ аз рӯдҳо ҳамсон аст