Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Раҳмон ва Жээнбеков бар ҳалли мусолиматомези масоили марзӣ таъкид карданд

154
(Таҷдидшуда 19:40 01.02.2018)
Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҳалли масъалаҳои марзӣ фаъолияти Кумисюни байниҳукуматии таъйин ва аломатгузории марзи давлатиро беҳтар мекунанд

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Роҳҳои рушди муносиботи дӯстона ва густариши ҳамкориҳои гуногунпаҳлӯ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мулоқоти хосаи сарони ду кишвар оғоз шуд ва дар музокироти васеъ бо ширкати ҳайъатҳои расмии ду ҷониб идома ёфт, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

“Нахустин боздиди расмии роҳбари кишвари дӯст дар симати раисҷумҳури Қирғизистон дар соли таҷлил аз 25-умин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ сурат мегирад ва имкон аст, ки дар ин сафар бо кӯшишҳои муштарак, муносибатҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ба сатҳи сифатан нав бароварда шаванд”, — гуфт Эмомалӣ Раҳмон дар оғози дидор бо Соронбой Жээнбеков ва ҳайъати ҳамроҳаш.

Тарафҳо дар мулоқоти хоса аз сатҳи рушди босуботи ҳамкорӣ дар шакли дуҷониба ва бисёрҷониба изҳори қаноат карда, мавҷуд будани заминаи ҳуқуқӣ ва платформаи сиёсии боэътимодро барои баланд бардоштани суръати ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳо, аз қабили робитаҳои сиёсӣ, ҳамкории байнипарлумонӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангию гуманитарӣ, муҳимму самарабахш ва ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар арзёбӣ намуданд.

Раҳмон ва Жээнбеков масъалаҳои рушду густариши ҳамгироию шарикӣ дар чаҳорчӯби созмону иттиҳодияҳои минтақаию байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, САҲА, СҲШ, ИДМ, СПАД дар ростои ҳалли масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақаӣ зарур шумурданд.

Дар музокирот бо ширкати ҳайъатҳои расмии Тоҷикистону Қирғизистон ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ баррасӣ шуданд.

Дар ин музокирот тасмим гирифта шуд, ки Кумисюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодиву бозаргонӣ бояд роҳҳои нави густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои саноати маъдан, сабук ва хӯрокворӣ, тавлиди масолеҳи сохтмонӣ пайдо кунад ва дар бахши кишоварзӣ — коркарди муштараки сабзавот ва мева, фароҳам овардани шароити мусоид барои транзити коло, густариши ҳамкории байни корхонаҳо, бизнес ва минтақаҳои Тоҷикистону Қирғизистон фаъолтар шавад.

Тарафҳо ҳаҷми гардиши коло миёни Тоҷикистону Қирғизистонро нокифоя дониста, барои афзоиши он дар равобити тиҷориву иқтисодӣ хостори баҳрабардории самаранок аз захираҳои калони мавҷуд шуданд.

Дар ин музокирот пешниҳод шуд, ки фаъолияти Кумисюни байниҳукуматии таъйин ва аломатгузории марзи кишварҳо беҳтар шавад.

Ҳайъатҳо ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи гидроэнергетика, баҳрабардории беҳина аз манобеъи обӣ ва саҳмгузории муштарак дар иҷрои тарҳи КАСА-1000-ро баррасӣ карданд.

Тарафҳо тамоюл ва омодагии худро барои корбурди зарфияти транзитӣ ва ташкили масирҳои нави таробарӣ барои баромадан ба бозори ҷаҳонӣ эълом карданд.

Дар ин музокирот ҳамчунин бар аҳамияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва фарҳангиву башарӣ низ таъкид шуд. Тарафҳо хостори фаъолтар шудани кори Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қирғизистон ва таҳкими робитаҳои бевоситаи доираҳои илмию эҷодӣ, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ шуда ва муҳайёсозии шароити ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, варзиш ва сайёҳиро муҳим шумурданд.

Дар мулоқоту музокироти сатҳи баланд барои таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар масъалаи таъмини амнияту суботи минтақаӣ, мусоидат ба ҳалли мушкилоти рӯзмарраи байналмилалӣ, мубориза бо теруризму ифротгароии байналмилалӣ ва дигар табаҳкориҳои созмонёфтаи фаромиллӣ изҳори омодагӣ ва тамоюл изҳор карда шуд.

154
Барчаспҳо:
Сооронбой Жээнбеков, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон-Қирғизистон
Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон (38)
Мавзуъ
Раҳмон раисҷумҳури Қирғизистонро ба шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват кард
Раисҷумҳури Қирғизистон имрӯзу фардо меҳмони Тоҷикистон аст