Президент Сооронбай Жээнбеков встретился с Премьер-министром Таджикистана Кохиром Расулзодой

Расулзода ба Жээнбеков: ҳамкорӣ дар заминаи кишоварзӣ бароямон бартар аст

68
(Таҷдидшуда 13:29 02.02.2018)
Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар дувумин рӯз аз сафари расмиаш ба Тоҷикистон бо нахуствазири ҶТ Қоҳир Расулзода дидору гуфтушунид кард

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Ба гузориши дафтари иттилоърасонии кишвардории Қирғизистон, Жээнбеков дар ин дидор хостори густаришу жарфиши ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои тиҷориву иқтисодӣ, таробарӣ, фарҳангӣ ва башарӣ шуд.

Вай аз тамоюли Бишкек ба афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон гуфт ва ёдоварӣ кард, ки ду кишвар бояд ҳамкорӣ дар заминаи содироту воридот ва восодиротро бо таваҷҷуҳ ба узвияти Қирғизистон дар Иттиҳодияи иқтисодии Уросиё ҳамоҳанг кунанд. Дар ин замина ҳамкории бахшҳои хусусии ду кишвар муҳим арзёбӣ шуд ва Жээнбеков пешниҳод кард, ки дар наздиктарин замон ҳамоиши бозаргонҳои қирғизу тоҷик дар Бишкек баргузор шавад.

Раисҷумҳур Жээнбеков ҳамчунин хостори ҳарчи зудтар ҳалл шудани масоили таъйин ва аломатгузории марз миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон шуд.

Нахуствазири Тоҷикистон аз дидори сарони ду кишвар ёд кард ва гуфт, ин мулоқотҳо бар густариши муносибот миёни ду ҳамсоя асари мусбат мегузоранд.

Расулзода гуфт, ки ҳамкорӣ бо Қирғизистон яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст ва Душанбе хостори жарфтар кардани равобит бо кишвари дӯсту ҳамсоя, бавижа ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ аст. Мо ба ҳамкорӣ дар заминаи кишоварзӣ бартарӣ медиҳем, таъкид кард вай.

Жээнбеков ва Расулзода ҳамчунин ҳамкориҳои ду кишвар дар чорчӯби дуҷониба ва байналмилалӣ, аз ҷумла дар бахши транзит, иҷрои тарҳи CASA-1000 ва ҳамкориҳои фарҳангиву башариро баррасӣ карданд.

68
Барчаспҳо:
ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, Қоҳир Расулзода, Сооронбой Жээнбеков, Тоҷикистон-Қирғизистон
Мавзуъ
Нахуствазири Тоҷикистон бо Сооронбой Жээнбеков мулоқот кард
Раҳмон ва Жээнбеков бар ҳалли мусолиматомези масоили марзӣ таъкид карданд
Навори пешвози Сооронбой Жээнбеков дар фурудгоҳи Душанбе
Сооронбой Жээнбеков ба Узбакистон меравад