Раисҷумҳур муовини аввали вазири умури хориҷаро таъин кард

© Sputnik / Алексей ДружининПортфель с документами, архивное фото
Портфель с документами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ботирҷон Асадов фориғуттаҳсили факултаи иқтисодии Донишгоҳи Тошканд буда, фаъолияташро аз соли 2000 дар Вазорати умури хориҷа оғоз кардааст

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Муовини аввали вазири умури хориҷии Узбакистон иваз шуд. Акнун ин симатро муовини пешини раиси Палатаи саноат ва савдои Узбакистон Ботирҷон Асадов гирифт.

Дар ин бора Sputnik Узбакистон хабар медиҳад.

Бо қарори раисҷумҳури Узбакистон Ботирҷон Асадов муовини аввали вазири умури хориҷии Узбакистон таъин шудааст.

Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳур муовини сарвазирро таъин кард

Пештар Асадов дар вазифаҳои сафири Узбакистон дар Куриё, муовини раиси сенат оид ба муносиботи байнулмилалӣ кор кардааст.

Пештар хабар дода шуд, ки раиси пешини Хадамоти амнияти миллии Узбакистон Рустам Иноятов мушовири раисҷумҳур ва узви Сенати Маҷлиси Олӣ интихоб гардид.

Ба ҷойи вай, додситони кулли пешин Ихтиёт Абдуллоев таъин гаштааст.

Ҷойи Ихтиёр Абдуллоевро дар додситонӣ мушовири масоили сиёсиву ҳуқуқии раисҷумҳур Отабек Муродов гирифтааст ва ба ҷойи Отабек Муродов Рустам Иноятов рафтааст.

Лентаи хабарҳо
0