Ҷузвдон. Акс аз бойгонӣ

Вазифаи нави Алишер Усмонов дар дастгоҳи раисҷумҳур

1034
(Таҷдидшуда 10:46 19.02.2018)
Аз моҳи ноябри соли 2017 Алишер Отахонович Усмонов вазифаи раиси қабулгоҳи раисҷумҳур дар вилояти Намангонро бар дӯш дошт

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Алишер Усмонов муовини мушовири давлатии раисҷумҳури Узбакистон оид ба ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар дастгоҳи раисҷумҳур таъйин шудааст, хабар медиҳад нашриёти uznews-uz.

Аз моҳи ноябри соли 2017 Алишер Отахонович Усмонов раиси қабулгоҳи раисҷумҳур дар вилояти Намангон буд.

Пештар Алишер Усмонов дар вазифаи раиси додгоҳи ноҳияи Касай, прокурори ноҳияи Мингбулак ва дигар вазифаҳо кор кардааст.

Ёдоварӣ мекунем, ки моҳи майи соли 2017 Хадамоти санҷиш ва кор бо муроҷиати шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, ки соли 2016 таъсис ёфта буд, пас аз чанде ба Хадамоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва кор бо муроҷиати шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқии дастгоҳи раисҷумҳури Узбакистон табдили ном кард.

Ин хадамотро то таъйиноти Алишер Усмонов мушовири раисҷумҳур Турсинхон Худойбергенов раҳбарӣ мекард.

1034
Барчаспҳо:
вазифаи нав, Шавкат Мирзиёев, Алишер Усмонов, Узбакистон