Тоҷикистон паймони ҳамкории роҳбурдӣ бо Туркманистонро баррасӣ кард

© SputnikЗдание парламента Таджикистана, архивное фото
Здание парламента Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шурои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон паймони ҳамкории роҳбурдӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистонро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Шурои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи имрӯзӣ паймони ҳамкории роҳбурдӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистонро баррасӣ кард.

Ба гузориши равобити умумии Маҷлиси намояндагон, дар ҷаласае, ки имрӯз ба раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор шуд, аъзои Шурои Маҷлиси намояндагон Паймони ҳамкории стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркманистонро баррасӣ карданд.

Баррасии ин санадро раиси Кумитаи умури байналмилалии Маҷлиси намояндагон Олимҷон Салимзода матраҳ кард.

Фермерское хозяйство в Чеченской Республике - Sputnik Тоҷикистон
Ҳайвонпарварӣ ё чорводорӣ: Маҷлиси намояндагон чорворо аз ҳайвон фарқ накард

Гуфта мешавад, ки ин санад бо таваҷҷуҳ ба муштаракоти торихиву фарҳангии мардумони Тоҷикистон ва Туркманистон ва бар асоси эҳтироми ҳаққи истиқлоли ҳар кишвар дар амалисозии сиёсати хориҷӣ имзо мешавад. Интизор меравад, ки он ба густаришу жарфиши равобити ду кишвар  мусоидат хоҳад кард.

Салимзода дар ин ҷаласа гуфта, ки ду кишвар метавонанд ин санадро тағйир диҳанд ва дар он ислоҳоте ворид кунанд, ки бо протоколҳои ҷудогонае ба расмият дароварда шуда ва бо тартиби пешбинишуда дар моддаи 15 Шартнома дорои эътибор мешаванд.

Тарафҳо мақоми бетарафии доимии Туркманистон ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳтирому дастгирӣ намуда, эътимоди муштарак ва ҳамкории мутақобилаи стратегиро дар соҳаи  сиёсати байналмилалӣ ҳамаҷониба таҳким мебахшанд.

Дар анҷом аъзои Шуро аз рӯи масъалаҳои баррасӣ гардида қарори дахлдор қабул намуданд.

Лентаи хабарҳо
0