Раҳмон ва Мирзиёев дар чӣ бора суҳбат карданд

© © Пресс-служба президента РТШавкат Мирзиёев и Эмомали Рахмон
Шавкат Мирзиёев и Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Қасри миллат қисми расмии дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 9 мар- Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ва кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Қасри миллат дидору гуфтугӯ карданд.

Мирзиёв раисҷумҳури Тоҷикистонро барои истиқболи гарм сипос гуфта, изҳор дошт, ки ин дидор барои ҳарду халқ деринтизор буд.

"Барои ҳамин имрӯз мо масъулияти бузург дорем: мо бояд натанҳо имконияти аз дастрафтаро боз оварем, балки ҳамкориҳоямонро ба сатҳи нав барорем",-гуфт Мирзиёев.

Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон
Истиқболи Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳи Душанбе

Дар ин дидор ҳамчунин, масоили рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсӣ, тироҷативу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту алоқа, гардишгарию фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ҳамкориҳои байниминтақавӣ, соддагардонии рафтуомади шаҳрвандони ду кишар баррасӣ шудааст.

"Иқтисодиёт-барои мо афзалиятнок аст. Мо барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ҳамаи шароитҳоро муҳайё хоҳем кард",-илова кард раисҷумҳури Узбакистон.

Мирзиёев ҳамчунин қайд карда, ки Тошканд то рафт муносиботро бо Душанбе беҳтар хоҳад кард.

"Муносиботи Тоҷикистону Узбакистон тадриҷан то сатҳи шарикии стратегӣ рушд дода мешавад", — изҳор дошт Мирзиёев.

Ин нахустин сафари расмии раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон аст. Охирин бор кишвардори аввалин-Ислом Каримов соли 2000-ум аз Тоҷикистон боздид карда буд.

Дар тӯли 25 сол миёни Узбакистону Тоҷикистон дар ҳар замина норозигиҳо сар мезад. Душанбе чандин бор кишвари ҳамсояро дар бастани роҳҳои оҳан айбдор мекард. Дар навбати худ Тошканд зидди сохтмони нерӯгоҳи бузургтарин дар Осиё-Роғун баромад кардааст. Соли 2001 аввал Узбакистон ва баъдтар Тоҷикистон низоми раводидро ҷорӣ кард.

Лентаи хабарҳо
0