Раҳмон: дар муносибати Тоҷикистону Узбакистон марҳилаи нави таърихӣ оғоз шуд

© © Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Узбекистана Шавкат Мирзиёев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев пас аз мулоқот ва имзои чанд созишномаи ҳамкорӣ дар назди намояндагони расонаҳо изҳороти матбуотӣ доштанд

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бар он аст, ки байни Тоҷикистон ва Узбакистон марҳилаи нави таърихӣ оғоз шуд. Ин изҳороташро раисҷумҳур дар назди намояндагони расонаҳо ва ҳузури Шавкат Мирзиёев ироа кард.

"Бо назардошти ин натиҷаҳои мусбӣ, мо музокироти сатҳи баланди имрӯзаро ҳамчун оғози марҳилаи нави таърихӣ дар муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистон арзёбӣ менамоем",-иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳур ба ҳозирон дар бораи натиҷаҳои мулоқоти сарони ду кишвар маълумот дод. Кишвардор гуфт, "мо имрӯз қариб ҳамаи масъалаҳои давоми беш аз 20 сол ҷамъшударо ҳал намудем".

"Ин баста фарогири муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, инчунин соҳаҳои мудофиа ва амнияти мо мебошад",- афзуд раисҷумҳур.

Ҳамин тавр, дар натиҷаи мулоқоти самараноки Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев 27 созишнома ба имзо расида, ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Узбакистон ба сатҳи сифатан нав баромаданд.

Содагардонии низоми раводид, барқарор кардани фаъолияти роҳи оҳани байни ду кишвар, Созишномаи қитъаи сарҳади давлатӣ, ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг ва маориф, истифодаи захираҳои энергетикӣ ва ҳамкори дар масоили байналмилалӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0