Ангела Меркель, канцлер Германии, архивное фото

Эмомалӣ Раҳмон ба Ангела Маркел мактуби табрикотӣ ирсол кард

62
(Таҷдидшуда 15:21 15.03.2018)
Маҷлиси қонунгузори Олмон Ангела Меркелро барои чаҳорумин давра раиси ҳукумати федероли ин кишвар интихоб кард

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ангела Меркел барқия ирсол карда ва интихобаш ба симати раиси ҳукумати федероли Олмонро табрик гуфт.

Дар ин барқия, ки дафтари иттилоърасонии раисҷумҳури Тоҷикистон матнашро мунташир кардааст, гуфта мешавад:

"Хонуми Олиҷоҳ,

Бо камоли сарфарозӣ интихоб гардиданатонро ба вазифаи Канслери Федералии Ҷумҳурии Федералии Германия табрику муборакбод мегӯям.

Рушду тавсеаи бемайлони муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо Германия аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон мебошад.

Мо итминон дорем, ки ҳамкориҳои созандаю судманди мо дар соҳаҳои мавриди таваччуҳи тарафайн мутобиқ ба манфиатҳои ҳаётии ҳар ду давлат дар оянда низ бо мазмуну муҳтавои нав ғанӣ хоҳанд гашт.

Мо хоҳони вусъати бештари ин раванд ҳастем ва омодаем, ки дар ин ҷода кӯшишҳои пайвастаи муштарак намоем.

Бо истифода аз фурсати нек ба Шумо тансиҳатӣ ва комёбиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Германия сулҳу амонӣ ва шукуфоӣ орзумандам".

Намояндагони Бундестаг, маҷлиси қонунгузори Олмон, чанде пеш бо 346 раъйи мувофиқ дар баробари 315 раъйи мухолиф ва 9 раъйи бетараф, Ангеларо Меркелро барои чаҳорумин давра раиси ҳукумати федероли Олмон интихоб карданд.

Вай аз соли 2005 то кунун садраъзам ё раиси ҳукумати федероли Олмон аст. Пеш аз ӯ танҳо Ҳелмут Кол чаҳор бор ба ин симат интихоб шуда, ки дар солҳои 1982 – 1998 раҳбари давлати Олмон буд.

62
Барчаспҳо:
мактаб, табрикот, Ангела Меркел, Олмон, Тоҷикистон