Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро дар Ню-Йорк ҷашн мегирад

185
(Таҷдидшуда 18:37 15.03.2018)
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 21 то 23-юми март дар чорабиниҳои Созмони Милали Муттаҳид, ки дар шаҳри Ню-Йорк барпо мешаванду ба Даҳсолаи байналмилалии амали "Об барои рушди устувор" бахшида мешаванд, иштирок хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар чорабиниҳои СММ дар Ню-Йорк иштирок мекунад, хабар медиҳад оҷонсии ТоҷикТА.  

"Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 21-23-юми март ба Ню-Йорк сафар мекунад. Вай он ҷо дар чорабиниҳои СММ, ки ба Даҳсолаи байналмилалии амали «Об барои рушди устувор» бахшида мешаванд, иштирок хоҳад кард", — иттилоъ медиҳад оҷонсӣ бо ишора ба яке аз манбаъҳои ҳукуматии кишвар.

Мувофиқи суханони ӯ, дар Ню-Йорк мулоқоти Раҳмон бо роҳбарияти СММ, аз он ҷумла бо котиби генералии созмон Антониу Гутеррешем, ба нақша гирифта шудааст.

То соли 2030-юм тақрибан 700 миллион нафар аз норасоии оби тозаи ошомиданӣ метавонанд рӯ ба гурезагӣ ниҳанд, омадааст дар расонаи Маркази иттилоотии СММ. Касри он асосан натиҷаи нромуносиб идоракунии ин захираи табиӣ аст, гуфта мешавад дар гузориши таҳти унвони "Биёед ҳар як қатраи обро эҳтиёт кунем: дастури рӯз дар соҳаи захираҳои об".

Гузориш тавассути гурӯҳе, ки ба он сарварони 11 кишвари дунё ва мушовирони махсус шомил шудаанд, аз ҷумла раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, таҳия гардидааст.

Дар гузориш арзёбии ҳолати захираи оби тоза дар ҷаҳон сабт гардидааст. Маълум мегардад, ки истеъмоли носозгори об, идоракунии бесамари захираҳои он ва адами инфрасохтор ба он оварда мерасонад, ки миллионҳо одамон аз норасоии об азият мекашанд, бисёриҳо аз бемориҳои марбут ба таъминоти муносиби об, беҳдошт ва назофат ба ҳалокат мерасанд.

Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин сиёсатмадорон ва муассисони баррасии масоили об дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон дар соли 2003 Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои ҳаёт" оғоз ёфта буд. Таи мӯҳлати роҳандозии лоиҳа ва барномаҳои марбут ба об, барои Тоҷикистон 1,648 миллиард доллар ҷудо карда шуда буд, ки дар натиҷаи он яку ним миллион нафар аҳолии кишвар ба оби нӯшокӣ дастрасӣ пайдо карданд.

Илова бар ин, кишварҳои узви СММ ташаббуси Тоҷикистонро роҷеъ ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" дар солҳои 2018-2028 дастгирӣ намуданд.

Дар ҳоли ҳозир пешниҳодоти ҶТ оид ба пешбурди сиёсати обии СММ дар барномаи Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи обтаъминкунӣ то соли 2030-юм калидӣ мебошанд.

Тибқи арзёбии коршиносон, афзоиши аҳолӣ то соли 2050-ум беш аз 9 миллиард нафарро ташкил медиҳад, ки он ба болоравии сатҳи муносиби истеъмоли об оварда мерасонад. Интизор меравад, ки дар натиҷаи таъсири тағйирёбии иқлим, то он вақт беш аз 50 фоизи аҳолии ҷаҳон ба норасоии об дучор хоҳад шуд.

Ёддовар мешавем, ки муҳаққиқон кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро ба камарбанди ба истилоҳ Муғулӣ-Арабии афзоиши хатари нарасидани об нисбат медиҳанд. Кишварҳое, ки шомили ин камарбанд, ё алъон ба норасоии шадиди оби тозаи ошомиданӣ рӯ ба рӯ шудаанд, ё солҳои наздик дар маърази хатари камобии ношӣ қарор доранд. 

 

185
Барчаспҳо:
баромад, об, Наврӯз, Эмомалӣ Раҳмон, Ню-Йорк, Тоҷикистон, ИМА