Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари ширкати Боинг мулоқот кард

Эмомалӣ Раҳмон дар Ню-Йорк бо роҳбари ширкати "Боинг" мулоқот кард

199
Якчанд ширкати Тоҷикистон, ба хусус Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” аз тайёраҳои муосири “Боинг” истифода мебаранд

ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бо роҳбари ширкати "Боинг" мулоқот кард.

Тавре манбаъ меафзояд, мулоқоти ҷонибҳо 21 марти соли равон  дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка сурат гирифт.

"​Дар мулоқот оид ба имкони рушди ҳамкориҳои судманд бо ин ширкати ҷаҳонӣ дар соҳаи нақлиёт, мусофиркашонӣ, беҳдошти парки нақлиётӣ дар Тоҷикистон ва бо ин роҳ беҳтар кардани сатҳи хизматрасонии ширкатҳои мусофиркашонии ҳавоӣ, табодули андеша карда шуд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

​Тавре маълум аст, якчанд ширкати Тоҷикистон, ба хусус Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" аз тайёраҳои муосири "Боинг" истифода мебаранд.

Ҷонибҳо изҳори умед карданд, ки рушди ҳамкориҳои дуҷониба барои дар амал татбиқ кардани нақшаву ниятҳо баҳри беҳсозии сатҳи хизматрасонии мусофиркашонӣ ва дигар ҳадафҳо дар ин самт мусоидат мекунад.

Пештар ширкати ҳавоии "Сомон Эйр" хабар дода буд, ки ҳавопаймоҳои нав мехарад. Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи душанбе, 19 марти соли 2018 роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" бо президенти ширкати ҳавопаймоии "Embraer Commercial Aviation" Ҷон Слэттери музокирот кардааст. Ҷонибҳо масъалаи хариди ҳашт адад ҳавопаймои мудерни насли нави тамғаи "Embraer Е-190 Е2"-ро аз ҷониби ширкати "Сомон Эйр", барои парвозҳои хатсайрҳои дохилӣ ва минтақавӣ, баррасӣ намуданд.

199
Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, мулоқот, "Боинг", Эмомалӣ Раҳмон, Амрико, Тоҷикистон