Раисҷумҳури Русия Владимир Путин, акс аз бойгонӣ

Владимир Путин ҳадафҳои аслии сиёсати нави хориҷии худро боз гуфт

119
(Таҷдидшуда 19:28 23.03.2018)
Раҳбари Русия дар давраи нави раёсати худ мехоҳад пайвандҳо бо ҳама кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла бо Амрико ва кишварҳои урупоиро устувортар кунад

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Ҳадафи аслии Владимир Путин дар чаҳорумин давра аз раёсаташ устуворсозии пайвандҳо бо кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла бо Амрико ва кишварҳои урупоӣ, аст, гуфт Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия.

"Сиёсати раисҷумҳур дар умури дохилӣ инзивои бештари Русияро дар ҷаҳон дар пай нахоҳад дошт", — итминон дод Песков.

Вай афзуд, ки ҳадафи аслии сиёсати хориҷӣ, аз дидгоҳи Путин, таъмини муҳити муносиб барои ҳалли масоили дохилӣ аст. Ба ин далел, пуштибонии дипломатҳо барои раисҷумҳури Русия лозим аст.

Сухангӯи раисҷумҳури Русия ҳамчунин таъкид кард, ки Маскав қасд надорад ба мусобиқаи ҷангафзорӣ рӯ оварад ва дар назар дорад ҳазинаҳои низомии худро коҳиш диҳад.

Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш Владимир Путин гуфта буд, ки Русия ниёз ба пешрафт дорад ва бояд пешрафт кунад ва ин гуфта ба маънии душманӣ бо ҳеч кишваре нест. "Мо пайвандҳои худро бо дигар кишварҳо устувортар хоҳем кард", — таъкид карда буд раҳбари Русия.

119
Барчаспҳо:
хориҷ, раисҷумҳур, сиёсат, Владимир Путин, Русия