Ҳамрохон Зарифӣ, акс аз бойгонӣ

Ҳамрохон Зарифӣ ҷопониҳоро бо фарҳанги тоҷикон ошно кард

69
(Таҷдидшуда 15:55 06.04.2018)
Иштирокчиёни чорабинӣ ба санъати ороишию амалӣ, аз ҷумла сӯзанӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, либосҳои миллии занонаву мардона бо нақшу нигорҳои гулдӯзӣ, каллапӯшҳои зардӯзӣ, асбобҳои мусиқӣ, кундал, расмҳои наққошони кишвар в таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Чанде пеш дар Сафорати Тоҷикистон дар Токио дар ҳошияи Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Ҷопон, маҳфили "Шоми дӯстӣ" баргузор гардид, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи ҶТ.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин маросими идона и ҳунармандони Тоҷикистон ва меҳмонон — шаҳрвандони Ҷопон иштирок доштанд.

"Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон  Ҳамрохон Зарифӣ иштирокчиёнро ба муносибати фаро расидани фасли баҳор ва ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ва иди "О-ҳанамӣ" ҷашни ҷилваи Сакура табрику муборакбод гуфта, дар бораи ҳифзу нигоҳдошт ва аз насл ба насл мерос гузоштани анъанаву муқаддасот, мероси фарҳангии тоҷикон, инчунин рушди соҳаи сайёҳӣ суханронӣ кард",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Шоми дӯстӣ бо сурудхонӣ ва навозиши дигар асбобҳои мусиқӣ аз ҷониби аҳли фарҳангу санъати кишвар идома ёфт. Ба маърази тамошои меҳмонон наворҳои гуногун дар бораи мероси ғании фарҳангӣ ва таърихи халқи тоҷик, ҳолати рушди имрӯза ва дастовардҳои кишвар, имкониятҳазои сайёҳӣ, манзараҳои зебои табиӣ ва ёдгориҳои таърихӣ гузошта шуд.

Иштирокчиёни чорабинӣ ба санъати ороишию амалӣ, аз ҷумла сӯзанӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, либосҳои миллии занонаву мардона бо нақшу нигорҳои гулдӯзӣ, каллапӯшҳои зардӯзӣ, асбобҳои мусиқӣ, кундал, расмҳои наққошони кишвар ва ғайра, ки ба мақсади шиносоӣ бо таърихи бою фарҳанги пурғановати миллати қадимаи тоҷик пешкаши меҳмонон гузошта шуда буд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Албатта, ба меҳмонон хӯрокҳои миллии тоҷикӣ пешкаш карда шуд.

69
Барчаспҳо:
фарҳанг, Ҳамрохон Зарифӣ, Ҷопон, Тоҷикистон