ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Дар ин сафар, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов бо вазири корӽои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов суҳбат кардааст, хабар медиҳад равобити умумии ВУХ Тоҷикистон.
Гуфта мкешавад, ки дар ин мулоқот, ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои гардишгарӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарию фарӽангӣ, инчунин ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шудааст.
Ҳамзамон зимни вохӯрӣ табодули ёддоштҳои ратификатсионӣ оид ба Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон сурат гирифтааст.
Пештар хабар дода шуд, ки Сироҷиддин Аслов дар ҳошияи Ҷаласаи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ мулоқот кард.
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия зимни нишасти матбуотӣ аз чигуна сурат гирифтани муносибатҳои минбаъдаи Русия ва Амрико гуфт.
"Ба ҳама мерасад": Амрико дар изҳороти "агрессияи Русия" чиро пинҳон мекунад
Ба боварии Лавров моҳияти сиёсати Амрико нисбати Русия дар замони президенти тозаинтихоб Ҷо Байден низ бетағйир мемонад.
Ҳамзамон, вазири рус изҳори умедворӣ кард, ки рафтори он кишвар дар қиболи Русия боодобтар мешавад.
"Маълум аст, ки пешдастии давлати амрикоӣ шеваи зиндагии амрикоӣ идома хоҳад ёфт. Боздории Русия ва Чин бидуни шак ҷузъи таркибии сиёсати хориҷии ИМА хоҳад буд. Онҳо бар инанд, ки блояд коре кунанд то Русия ва Чин ба ҳадде муттаҳид нашаванд, ки худро тавонотар аз худи Амрико эҳсос кунанд", - тавзеҳ дод роҳбари ВУХ Русия.
Ҳамзамон, Лавров таъкид кард, ки Русия мунтазири пешниҳодҳои мушаххаси маъмурияти нави ИМА оид ба тамдиди Шартнома дар бораи чораҳои минбаъдаи коҳиш ва маҳдуд кардани яроқи стратегии ҳуҷум ва муколама оид ба суботи стратегӣ мебошад.
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Лағви манъи вуруд аз бархе кишварҳои мусалмонӣ аз нахустин қадамҳои Ҷо Байден дар мақоми раисиҷумҳури ИМА хоҳад буд, хабар додааст CNN.
Манбаъ афзуд, Байден дар рӯзи нахустини корияш инчунин бархе тағйироти ҷиддии дигарро анҷом доданист. Аз ҷумла зикр шудааст, ки ИМА ба созишномаи Париж дар бораи тағйирёбии иқлим бармегардад. Ин созишнома коҳиши партовҳо ба ҳаворо дар назар дорад.
Байден инчунин ният дорад, ба Конгресс тарҳи бузурги умури муҳоҷиратро пешниҳод кард, ки бар асоси он миллионҳо муҳоҷири беҳуҷҷат дар қаламрави ИМА метавонанд шаҳрвандии ин кишварро ба даст оранд.
Инчунин маълум шуд, ки Байден бархе дастуроти раисиҷумҳурии феълии ИМА-ро бекор карданист. Аз ҷумла баромадани ИМА аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва ғайраро.
Маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури нави ИМА 20 январ дар назар аст. Ба далели пандемия ин маросим бо бархе тағйирот сурат хоҳад гирифт.
Душанбе, 19 январ - Sputnik. Қазоқистон ба нақша гирифтааст, ки эмгузаронии "Sputnik V" -ро аз 1 феврал оғоз кунад, гуфт роҳбари Вазорати тандурустии кишвар Алексей Тсой, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.
Ба гуфтаи вай, рӯзи 19 январ байни маҷмааи дорусозии Караганда ва Фонди сармоягузории мустақими Русия дар бораи интиқоли қисми якуми 20 ҳазор вояи ваксинаи "Sputnik V" созишнома ба имзо мерасад. Додани иҷозатнома барои воридоти ягона 20 январ ба нақша гирифта шудааст, гуфт коршинос.
Кишвардори Гвинея бо ваксинаи Русия эм шуд: нахустин аз миёни роҳбарони Африқо
"То 1 феврал ба нақша гирифта шудааст, ки эмгузаронӣ алайҳи сирояти коронавируси гурӯҳҳои аҳолии зарардида оғоз карда шавад. Пешгӯии эмгузаронӣ бо назардошти гирифтани ваксина марҳила ба марҳила сурат мегирад", - гуфт Тсой дар ҷаласаи ҳукумат.