Шаҳри Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ

Дар бораи муовинони нави раиси шаҳри Хуҷанд чӣ медонем?

291
(Таҷдидшуда 13:10 19.04.2018)
Роҳбарияти шаҳри Хуҷанд нафарони ба вазифаи муовинони раиси шаҳри Хуҷанд таъингардидаро ба фаъолон муаррифӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд муовинони нави шаҳрдорӣ муаррифӣ шудаанд, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

Гуфта мешавад, ки дар ин ҷаласа таъкид шудааст, ки бо розигии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси қарорҳои раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода ва Ҷамшед Абдуқаюмзода ба вазифаҳои муовинони раиси шаҳр таъин гардиданд.

Фирӯза Нуруллозода хатмкардаи факултети забонҳои шарқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда, дар ин донишгоҳ дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла то ба вазифаи декани факултети забонҳои шарқ фаъолият намудааст.

Ҷамшед Абдуқаюмзода бошад хатмкардаи риштаи иқтисодии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда, дар вазифаҳои гуногуни Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, аз ҷумла, мудири шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантураи ин муассисаи олӣ фаъолият намудааст.

Дар анҷоми ҷаласа раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба шахсони ба вазифаҳои масъулиятнок таъингардида, муваффақият орзу кардааст.

Пештар хабар дода шуд, ки дар Ҳукумати шаҳри Хуҷанд ду муовини нави раиси шаҳр таъин гардиданд.

Дар баробари ин дар Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон ҳам тағйироти кадрӣ ба амал омадааст.

291
Барчаспҳо:
муовинони нав, муаррифӣ, тағйирот, Хуҷанд, Тоҷикистон