Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз авҷи низоъҳо дар 100 кишвари олам

101
(Таҷдидшуда 11:05 04.05.2018)
Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони "Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез" ширкат ва суханронӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Душанбе, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони "Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез" оғоз шуд.

Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷмуҳур, дар кори конфронс муовини Дабири кулли СММ, роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ, Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо, ниҳодҳои СММ, намояндагони дигар ташкилоту созмонҳои бонуфуз ширкат кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиш, таъкид кардааст, ки конфронси имрӯза ба баррасии масоили вобаста ба таҳдидҳои асри нав — мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм бахшида шудааст. Аз ин ру таҳия, татбиқи пешниҳодҳо ва тавсияҳои муштарак дар конфронси имрӯза баҳри аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб мувофиқи мақсад аст.

Раисҷумҳур аз авҷи низоъҳо ва зуҳуроти терроризму экстремизм, ҳадафи он қарор гирифтани беш аз 100 кишвари олам, амалҳои харобиовар, қурбон гаштани ҳазор ғайринизомӣ, бе хонаву дар мондани миллионҳо нафар, расидани зиёни иқтисодӣ ба мамлакатҳои ҷангзада, изҳори нигаронӣ карда, таъкид кардааст, ки бо дарназардошти ин воқеияти рӯз, мо бояд ба хотири таъмини амнияти ҳамаҷониба дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон, барои мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявӣ, тавассути қабули тадбирҳои муштарак чораандешӣ намоем.

Ин ҳамоишро, ки бо ибтикори ҷониби Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо, Иттиҳоди Аврупо ва шарикони дигар баргузор мегардад, раисҷумҳур, намунаи омодагии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм ва пешгирии хатарҳо ва амният дар ҳамаи сатҳҳо гуфтааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон изҳори умедворӣ кардаааст, ки натиҷаҳои конфронси имрӯза ба инкишофи минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва ноил шудан ба ҳадафҳои нек мусоидат мекунанд.

Дар назар аст, ки баъди анҷоми кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони "Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез" Эъломияи Душанбе қабул гардад.

101
Барчаспҳо:
суханронӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон