ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Намояндаи нави Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев таъйин шуд, хабар медиҳад равобити умумии Вазорати корҳои хориҷии кишвар.
Гуфта мешавад, ки рӯзи 8 май вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов намояндаи тозатаъйини Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (FAO) дар Тоҷикистон ҷаноби Олег Гучгелдиевро ба ҳузур пазируфтааст.
Вазири корҳои хориҷӣ Гучгелдиевро барои таъйин гардиданаш ба мақоми мазкур табрик гуфта, барои иҷрои вазифаи пурмасъулаш барору комёбӣ таманно кардааст.
Дар мулоқот тарафҳо ҳамкориҳои Тоҷикистону FAO, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди кишоварзиро баррасӣ кардаанд.
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия зимни нишасти матбуотӣ аз чигуна сурат гирифтани муносибатҳои минбаъдаи Русия ва Амрико гуфт.
"Ба ҳама мерасад": Амрико дар изҳороти "агрессияи Русия" чиро пинҳон мекунад
Ба боварии Лавров моҳияти сиёсати Амрико нисбати Русия дар замони президенти тозаинтихоб Ҷо Байден низ бетағйир мемонад.
Ҳамзамон, вазири рус изҳори умедворӣ кард, ки рафтори он кишвар дар қиболи Русия боодобтар мешавад.
"Маълум аст, ки пешдастии давлати амрикоӣ шеваи зиндагии амрикоӣ идома хоҳад ёфт. Боздории Русия ва Чин бидуни шак ҷузъи таркибии сиёсати хориҷии ИМА хоҳад буд. Онҳо бар инанд, ки блояд коре кунанд то Русия ва Чин ба ҳадде муттаҳид нашаванд, ки худро тавонотар аз худи Амрико эҳсос кунанд", - тавзеҳ дод роҳбари ВУХ Русия.
Ҳамзамон, Лавров таъкид кард, ки Русия мунтазири пешниҳодҳои мушаххаси маъмурияти нави ИМА оид ба тамдиди Шартнома дар бораи чораҳои минбаъдаи коҳиш ва маҳдуд кардани яроқи стратегии ҳуҷум ва муколама оид ба суботи стратегӣ мебошад.
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Лағви манъи вуруд аз бархе кишварҳои мусалмонӣ аз нахустин қадамҳои Ҷо Байден дар мақоми раисиҷумҳури ИМА хоҳад буд, хабар додааст CNN.
Манбаъ афзуд, Байден дар рӯзи нахустини корияш инчунин бархе тағйироти ҷиддии дигарро анҷом доданист. Аз ҷумла зикр шудааст, ки ИМА ба созишномаи Париж дар бораи тағйирёбии иқлим бармегардад. Ин созишнома коҳиши партовҳо ба ҳаворо дар назар дорад.
Байден инчунин ният дорад, ба Конгресс тарҳи бузурги умури муҳоҷиратро пешниҳод кард, ки бар асоси он миллионҳо муҳоҷири беҳуҷҷат дар қаламрави ИМА метавонанд шаҳрвандии ин кишварро ба даст оранд.
Инчунин маълум шуд, ки Байден бархе дастуроти раисиҷумҳурии феълии ИМА-ро бекор карданист. Аз ҷумла баромадани ИМА аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва ғайраро.
Маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури нави ИМА 20 январ дар назар аст. Ба далели пандемия ин маросим бо бархе тағйирот сурат хоҳад гирифт.
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik.18 январ ноиби чемпиони Тоҷикистон, клуби футболи "Хуҷанд" номи сармураббии нави дастаро эълон кард. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамакнун тими "Хуҷанд"-ро мутахассиси 48-сола Рустам Ҳоҷаев тамрин хоҳад дод, ки солҳои 2013 ва 2017 ба ҳайси мураббии беҳтарини Тоҷикистон шинохта шуда буд.
Ба ҳайати тими Рустам Хоҷаев Фаррух Марофиев мураббии калон, Мансур Ҳакимовро мураббии интихобӣ ва Алишер Тӯйчиевро ҳамчун мураббии дарвозабонҳо шомил шудаанд.
Рустам Хоҷаев аз соли 2017 то 2018 "Хуҷанд"-ро роҳбарӣ карда, бо клуб Ҷоми Тоҷикистон-2017-ро ба даст овард ва дар чемпионати соли 2017 медали нуқра ба даст овард.
Дар мавсими 2020, Хоҷаева ба ҳайати мураббиёни Никола Лазаревич дохил шуд, пас аз рафтанаш иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ буд ва бо омадани Ҳаким Фузайлов ёвари ӯ шуд.
"Ҳиссиёти махсус дорам, хеле шодам, ки бори дигар ба ин тими калон, ки дорои таърих ва анъанаҳои бой аст, боварӣ карданд. Мехоҳам ба роҳбарияти вилояти Суғд, мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзод ва директори маҳфил Муроҷон Умаров барои эътимодашон ташаккур гӯям. Ман аз мавсими оянда интизориҳои хуб дорам, ба бозигаронам боварӣ дорам, мо тасмим гирифтаем, ки дар ҳар як бозӣ пирӯз шавем. Ва албатта, дар кори худ мо мунтазири дастгирии мухлисони "Хуҷанд" ҳастем".
Ҳаким Фузайлов сармураббии тими “Динамо”-и Самарқанд шуд
Ӯ гуфтааст, ҳамчун як футболбоз ба Хуҷанд омад, ин дастаро тамрин медод ва медонад, ки мардум дар ин ҷо ба таври хос тимро дӯст медоранд ва дастаи худро дастгирӣ мекунанд.