Александр Лукашенко

Александр Лукашенко ба Тоҷикистон омад

137
(Таҷдидшуда 10:19 15.05.2018)
Кишвардори Белорус Александр Лукашенко бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад

ДУШАНБЕ, 15 май— Sputnik. Дар фурудгоҳи Душанбе Александр Лукашенкоро сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Дар доираи сафари расмӣ мулоқоти хоссаи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва кишвардори Белорус Александр Лукашенко, инчунин музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеъ дар назар аст.

Сарони давлатҳо натиҷаҳо ва нақшаҳои минбаъдаи рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, истеҳсолӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ҳамгироии сармоягузорӣ, инчунин фаъолият дар бозорҳои кишварҳои сеюмро баррасӣ хоҳанд кард.

Интизор меравад, ик дар анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ як зумра санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ имзо шавад.

137
Барчаспҳо:
сафар ба Тоҷикистон, Александр Лукашенко, Тоҷикистон