Вохӯрӣ бо Ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон ҷаноби Эндрю Гилмор

Ёвари дабири кулли СММ бо мақомоти тоҷик дар чӣ бора суҳбат кард?

28
Ёвари дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон Эндрю Гилмор бо мақомоти тоҷик дидору гуфтугӯ кардааст

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Аз ҷумл рӯзи 15 май вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии  Тоҷикистон Исматулло Насредин бо ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон ҷаноби Эндрю Гилмор баргузор шудааст.

Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар ин дидор масъалаи таъмини ҳимоя ва риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон баррасӣ шудааст.

Ба гузориши манбаъ, дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба масоили ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи инсони СММ, таъмини ҳимоя ва риояи ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурӣ суҳбат кардаанд.

Ҳамчунин дар дидори  муовини вазири корҳои хориҷии  Тоҷикистон Исматулло Насредин ва ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон ҷаноби Эндрю Гилмор 70-умин солгарди Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон баррасӣ шудааст.

28
Барчаспҳо:
ВУХ-и Тоҷикистон, Тоҷикистон