Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон насабашро "тоҷикӣ" кард

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкСироджиддин Аслов, архивное фото
Сироджиддин Аслов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов насабашро аз шакли номгузории русӣ ба "тоҷикӣ" гардонидааст

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов насабашро ба шакли "тоҷикӣ" иваз кардааст.

Ҳамин тавр дар хабаре, ки дар бораи дидори ӯ бо ҷавонони "Созандагони Ватан" ба муносибати Рӯзи ҷавонон дар равобити умумии Вазорати умури хориҷа нашр шудааст, ному насаби вазир-Сироҷидин Мухриддин навишта шудааст.

"Рӯзи 22 май дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бахшида ба "Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон-23 май"  мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии  ҷавонони "Созандагони Ватан" баргузор гашт",-омадааст дар хабарнома.

Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе Рӯзи ҷавонон чигуна таҷлил мешавад

Гуфта мешавад, ки вазир ҷавононро ба муносибати ҷашнашон табрик намуда, гуфтааст, ки "маҳз бо шарофати  сиёсати дурбинонаи Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон  тавонист дар давраи Истиқлолият  на танҳо равобитҳои дипломатиро барқарор созад, балки  бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи тоҷик ба  ҳифзи  манфиатҳои миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ  асос гузошта, ҳамчун давлати фаъол, ташаббускор  ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шавад".

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарори таҷлили Рӯзи ҷавононро соли 1997 қабул карда буд.

Оғоз аз он сол дар Тоҷикистон рӯзи 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонон таҷлил мешавад.

Маъмулан дар ин рӯз сабқатҳои варзишӣ, олимпиадаҳои мактабӣ, намоишгоҳҳо ва барномаҳои консертӣ баргузор мешаванд. Ҳадафи аслӣ аз таҷлили ин ҷашн-ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба мушкилоти насли ҷавони кишвар мебошад.

Соли гузашта рӯзи 22 май ба муносибати Рӯзи ҷавонон дар майдони марказии Душанбе шоу баргузор шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0