Сарвазири Узбакистон ба Тоҷикистон меояд

Обуна шудан
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи кишварҳои ҳамсуд ва тиҷорати озоди хизматрасониҳо баррасӣ хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Нахуствазири Узбакистон Абдулло Орипов дар ҷаласаи сарони Ҳукуматҳои узви кишварҳои ҳамсуд, ки дар шаҳри Душанбе аз 31 май то 1 июн баргузор мегардад, иштирок хоҳад кард, иттилоъ додааст Вазорати хориҷаи Узбакистон.

"Ҳайъати Узбакистон бо раҳбарии нахуствазир Абдулло Орипов аз 31 май то 1 июн соли 2018 дар ҷаласаи навбатии сарони Ҳукуматҳои узви кишварҳои ҳамсуд дар Душанбе ширкат хоҳад кард", — иттилоъ додааст вебгоҳи Вазорати хориҷаи Узбакистон.

Бино ба иттилоъи манбаъ, дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи кишварҳои ҳамсуд ва тиҷорати озоди хизматрасониҳо ва ғайра баррасӣ шаванд.

"Қарор аст, пас аз анҷом ёфтани ҷаласа тасмимҳои мушаххас дар бораи пурзур ва густариш додани ҳамкориҳои иқтисодӣ дар қаламрави кишварҳои ҳамсуд қабул карда шавад" — илова кардааст Вазорати хориҷаи Узбакистон.

Лентаи хабарҳо
0