Нахуствазири Узбакистон Абдулло Орипов

Қоҳир Расулзода бо Абдулло Орипов мулоқот кард

86
(Таҷдидшуда 10:19 01.06.2018)
Нахуствазири Узбакистон Абдулло Орипов дар ҷаласаи сарони Ҳукуматҳои узви кишварҳои ҳамсуд, ки дар шаҳри Душанбе аз 31 май то 1 июн баргузор мегардад, ширкат дорад

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Дар чорчӯби ин чорабинӣ нахуствазири Узбакистон Абдулло Орипов бо ҳамтои тоҷикаш Қоҳир Расулзода дидору гуфтугӯ кардааст.

Дар мулоқот, ки нимаи дуюми рӯзи 31 май баргузор шудааст, масоили рушду тавсиаи ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шудааст.

Ҷонибҳо изҳори умедворӣ кардаанд, ки робитаҳои дуҷонибаи судманди Тоҷикистону Узбакистон, ки дар партави сиёсати Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев роҳандозӣ гардидаанд, дар оянда низ марҳилаҳои рушду тавсеаи бештарро фаро хоҳанд гирифт.

Дар мулоқот ҳамзамон дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шудааст.

86
Барчаспҳо:
дидору гуфтугӯ, Қоҳир Расулзода, Абдулло Орипов, Узбакистон, Тоҷикистон