Раисҷумҳури Покистон ба Тоҷикистон омад

© Пресс-служба президента ТаджикистанаГлава Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Пакистана Мамнун Хусейн на встрече в Ташкенте
Глава Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Пакистана Мамнун Хусейн на встрече в Ташкенте - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар назар аст, меҳмони олимақом ба раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот кунад

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Раисҷумҳури  Покистон Мамнун Ҳусейн бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад, хабар медиҳанд расонаҳои расмии кишвар.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе П Мамнун Ҳусейнро муовини нахуствазир  Маҳмадтоир Зокирзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

"Маросими истиқболи расмӣ ва мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар доираи сафари расмии Праисҷумҳури Покистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 июн дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Мамнун Ҳусейн дар доираи сафари расмӣ  бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва нахуствазири  Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот мекунад.

Инчунин Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", солҳои 2018-2028, ки 20 июн дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз мебахшад, иштирок менамояд.

Ёдрас мешавем, дар ҳамоиши мазкур намояндагони зиёди кишварҳои хориҷ, аз ҷумла сарони як қатор кишварҳо ширкат мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0