Маҷлиси ҳукуматии ҶТ, акс аз бойгонӣ

Тағйироти кадрӣ дар ҳукумат ва таъсиси Хадамоти нав

465
(Таҷдидшуда 15:48 11.07.2018)
Эмомалӣ Раҳмон Илёс Идрисзодаро раиси Хадамоти иҷрои назди ҳукумат, ниҳоди навтаъсис дар кишвар таъин намуд

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Илёс Идрисзодаро аз мақоми муовини раиси Ожонси мубориза бо фасод барканор карда, роҳбари Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон таъин намудааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Ба иттилои манбаъ инчунин бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Назар Аслам Тура аз вазифаи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ озод карда шуд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур далели барканории Назар Аслам Тураро ба кори дигар гузаштан арзёбӣ кардааст, аммо дар бораи мақоми нави ӯ иттилоъ надодааст.

Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон ниҳоди навтаъсис дар кишвар мебошад, ки воҳидҳои кории судиҷрочиён ба тобеияти он гузаштанд. Тобеияти судиҷрочиён ба Вазорати адлияи Тоҷикистон аввали моҳи июли соли равон расман хотима ёфт.

465