Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода

Номаи сипоси Сироҷиддин Муҳриддин ба Вазири фарҳанг

116
Дар матни нома Вазири умури хориҷӣ ба Вазири фарҳанг барои иштироки фаъол ва саҳми арзанда дар омодагӣ ва баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланди Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028" изҳори сипос менамояд

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар номаи вижае ба вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода изҳори сипос кардааст.

Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати фарҳанг хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, дар матни нома вазири умури хориҷа ба вазири фарҳанг барои иштироки фаъол ва саҳми арзанда дар омодагӣ ва баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланди Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028" изҳори сипос менамояд.

"Боварӣ дорам, ки ҷиҳати татбиқи сиёсати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам баланд бардоштани обрӯ ва эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ минбаъд низ дастаҷамъона саъю талоши бештар хоҳем варзид" — афзудааст Сироҷиддин Муҳриддин.

Ёдрас мешавем, охирҳои моҳи июн дар Душанбе ҳамоиши байналмилалии "Об барои рушди устувор, 2018-2028" баргузор шуда буд.

Барои иштирок дар ҳамоиши байналмилалӣ ба шаҳри Душанбе намояндагон ва роҳбарони баъзе кишварҳо аз ҷумла, раисҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Покистон Мамнун Ҳусейн, Раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон Абдулло Абдулло, ҳамчунин муовини дабири кулли СММ Луи Женмин, котиби генералии созмони ҳамкории Шанхай Рашид Олимов, Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Петер Буриан, роҳбари минтақавии маркази дипломатияи СММ дар Осиёи Марказӣ Наталия Герман, инчунин намояндагони баландпояи 110 кишвари ҷаҳон ва сохторҳои гуногуни СММ, ташкилотҳои молиявии байналмилалӣву минтақавӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ташриф оварданд.

Ҳамоиши байналмилалии мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон ва дастгирии СММ баргузор гардид.

116
Барчаспҳо:
номаи сипос, вазир, Шамсиддин Орумбекзода, Тоҷикистон