Парчами Тоҷикистон ва Эрон, акс аз бойгонӣ

Изҳороти сафорати Эрон алайҳи ихтилофандозии мазҳабӣ

147
(Таҷдидшуда 14:52 13.07.2018)
Сафорати Эрон дар Тоҷикистон ихтилофандозиҳои мазҳабиро кори душманони Ислом хондааст

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Сафорати Эрон дар Душанбе алайҳи нашри мақолаҳое, ки ба иттилои ин ниҳод, миёни мардуми тоҷику Эрон тафриқа эҷод мекунанд, вокуниш нишон додааст.

Хабаргузории “Pars today” аз қавли Сафорати  Эрон дар Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки тарвиҷи ихтилофафканӣ миёни мазоҳиби исломӣ ва нафратпарокании мазҳабӣ алайҳи мазоҳиби дигар ҳамчун ташаюъ, муғойири ҳама мавозини байналмилалӣ ва тавҳини ошкор ба эътиқодоти бахши муҳиме аз ҷаҳони ислом буда ва бетардид иҷрои хости душманони ислом мебошад.

Намояндагии Эрон даъват кардааст, ки бо назардошти манофеъ ва масолеҳи Тоҷикистон аз бознашри матолиби беарзиши нашриёт ва сайтҳои зард ва беҳуввият парҳез карда шавад.

“Тардиде нест, ки миллати фаҳими Тоҷикистон, ки аз бадави истиқлол дӯстӣ ва муҳаббати эрониёнро чашида ва шоҳиди хадамоти он ба худ буда, бо ин сиёҳнамоиҳо гумроҳ нашуда ва фаромуш намекунад, ки Эрон бо ибтикороте монанди “ҳафтаи ваҳдат”, “рузи ҷаҳонии Қудс”, “гуфтгӯи тамаддунҳо”, “ҷаҳон алайҳи хушунат ва ифротгароӣ” ва “амнияти шабакаӣ дар минтақа”, манодии ваҳдати мусулмонон ва муваҳҳидони ҷаҳон будааст”, - омадааст дар баёния.

147
Барчаспҳо:
ВКХ Эрон, Эрон, ҳаёти мардуми Тоҷикистон, Тоҷикистон