Барқияи таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба Мамнун Ҳусайн

© Sputnik / Амир ИсаевПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
"Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хеш ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба аҳли наздикони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастем", - изҳор дошт кишвардори Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз кишвардор Эмомалӣ Раҳмон ба раиси ҷумҳурии исломии Покистон Мамнун Ҳусейн барқияи тасаллият ирсол намуд.

"Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвар бар асари ҳамлаҳои золимонаи террористон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон боиси андӯҳу нафрати беандозаи мо гардид", — омадааст дар брақияи кишвардор.

Раисҷумҳур дар ин мактуб амалҳои ғайриинсонии неруҳои аҳриманро қатъиян маҳкум намуда, гуфтааст, "зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи қотеонаро бо ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ дар сатҳҳои мухталиф муҷаддадан таъкид менамояд".

"Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хеш ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба аҳли наздикони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастем", —  афзудааст Эмомалӣ Раҳмон.

Пештар хабар дода шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба  Акихито, Императори Ҷопон барои талафоти ҷонию модии ин кишвар аз боришот изҳори ҳамдардӣ кард.

"Хабари рух додани офатҳои табиӣ дар натиҷаи боришот дар минтақаҳои марказӣ ва ҷанубу-ғарбии Япония, ки боиси ба ҳалокат расидани теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардид, моро сахт андӯҳгин намуд", —омадааст дар барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Акахито.

Тибқи иттилои нашршуда бар асари борони шадид, ки дар Ҷопон ҳафтаи гузашта оғоз гардид, то ҳол беш аз 150 нафар ҷон дода, даҳҳо нафари дигар беному нишон гардидаанд.

Лентаи хабарҳо
0