Замир Кобулов, фиристодаи махсуси раисиҷумҳури Русия дар масоили Афғонистон

Фиристодаи Путин: Эътимоди сокинон ба Толибон беш аз ҳукумат аст

142
(Таҷдидшуда 14:11 16.07.2018)
Фиристодаи раисиҷумҳури Русия мегӯяд, ҳукумати Афғонистон сари ҳамоиш бо гуруҳи тундрави "Толибон", барои ба эътидол овардани вазъ дар кишвар андеша дорад

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Замир Кобулов, фиристодаи раисиҷумҳури Русия оид ба масоили Афғонистон, мегӯяд, эътимод ба гуруҳи тундрави Толибон дар бархе аз манотиқи Афғонистон беш аз боварӣ ба ҳукумат аст.

Кобулов дар суҳбат бо “Коммерсант” изҳор доштааст, ки  “Толибон” беш аз ними қаламрави Афғонистонро таҳти назорат гирифтааст ва аҳолии маҳаллӣ ба онҳо беш аз ҳукумат боварӣ доранд.

Ба гуфтаи фиристодаи Путин ҳукумати Афғонистон сари ҳамоиш бо Толибон барои ба эътидол овардани вазъ дар кишвар андеша дорад.

“Амалан Толибон дар ҳаёти ҳарбӣ-сиёсии Афғонистон вориданд ва аз нисф зиёди қаламрави кишварро таҳти назорат доранд. Ба сохтори давлати параллелие, ки Толибон сохтаанд, аҳолӣ беш аз мақомоти расмӣ эътимод дорад ”, - афзудааст дипломат.

Ӯ таъкид намудааст, ҳатто дар минтақаҳое, ки мақомоти расмӣ ҳузур доранд, аксаран Толибон нерӯи калидӣ мебошанд.

Нашри суҳбати фиристодаи Путин дар ҳолест, ки ахиран Майк Помпео, вазири умури хориҷии ИМА зимни боздидаш аз Кобул гуфт, “стратегияи мо дар Афғонистон, паём ба Толибон аст. Интизор набошанд, ки мо аз Афғонистон меравем”.

Ӯ аз муваффақияти стратегияи кишвараш дар Афғонистон иттилоъ дода, изҳор доштааст, ки аъзои гуруҳи тундрави "Толибон" дар майдони ҷанг аллакай заиф шудаанд ва майли табдилёбӣ ба ҳаракати сулҳхоҳ доранд.

142
Барчаспҳо:
гуфтугӯи сулҳи Афғонистон, ҷанги Афғонистон, Афғонистон-Русия

Байден ба Трамп: Голфбозӣ бас аст, коратро анҷом бидеҳ

234
Номзади Ҳизби демократ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико бо интиқоди шадид аз амалкарди раиси ҷумҳури ин кишвар дар муқобила бо вируси корона аз ӯ хост ба ҷои голфбозӣ кардан вазифаҳояшро анҷом диҳад

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Ҷо Бойден дар як паёми твиттерӣ бо интиқоди шадид аз амалкарди Доналд Трамп навиштааст "дарёфти мукофотпулии бекорӣ барои миллионҳо нафар нимашаб ба поён мерасад. 

Мо як барномаи муассир дар сатҳи миллӣ барои гирифтани тест (корона) ё ҳатто як барнома барои контроли ин вирус надорем. Коркунони ҳавзаи саломат ва беҳдошти мо ҳануз таҷҳизоти кофии ҳифозати шахсӣ надоранд. Сафарҳои охири ҳафта барои голфбозӣ кардан дигар бас аст. Оқои раиси ҷумҳур коратро анҷом бидеҳ", менависад шабакаи Алъолам.

Бойден ҳамчунин навишт: Имрӯза иҷораҳо боло рафтааст. Доналд Трамп масъулияти раҳбарӣ кардани мо барои хориҷ шудан аз буҳрони КОВИД-19-ро раҳо кардааст ва мо акнун ба хотири ҳамин бо буҳрони маскан ва иҷора мувоҷеҳ ҳастем. Оқои раиси ҷумҳур ҳамин алъон иқдом бикун то амрикоиҳо маҷбур набошанд байни боми болои сарашон ё ғизо рӯи мизашон, якеро интихоб кунанд.

Пешгӯии Трамп амалӣ мешавад? фавти 865 маризи коронавирус дар Амрико давоми як шабонарӯз

Трамп ва аъзои давлати Амрико, ба иллати амалкарди заиф дар муқобила бо вируси корона дар рӯзҳои ахир ба шиддат мавриди интиқод қарор гирифтаанд.

Омори  донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинз нишон медиҳад маҷмуъи мубталоён ба КОВИД-19 дар Амрико ба 4 миллиону 620 ҳазору 239 нафар расида ва шумори қурбониён аз 154 ҳазору 360 нафар гузаштааст.

234
Официальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй

Сӯҳбати Раҳмону Эрдуғон: аз ҳамдардӣ то барқароршавии парвозҳо ва таҳдиди "COVID" - 19

838
(Таҷдидшуда 16:58 01.08.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои туркаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон масъалаи барқарор кардани парвозҳои мунтазамро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон имрӯз телефонӣ сӯҳбат кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар рафти суҳбат кишвардорон ба муносибати Иди Қурбон ҳамдигарро табрик гуфтаанд.

Эмомалӣ Раҳмон суннатҳои аслии ин Иди саидро, ки таҷассумгари арзишҳои умумбашарии бародарию пайвандҳои амиқи дӯстӣ, ризоят, ҳамдигарфаҳмиву эътимод ба якдигар ва ҳамдастӣ мебошанд, таъкид кардааст.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи раванди нигаронкунандаи паҳншавии пандемияи “Ковид-19” дар сатҳи ҷаҳонӣ мубодилаи афкор анҷом додаанд.

Дар ин росто Президенти Тоҷикистон ба мардуми Туркия, наздикону пайвандони қурбониёни ин бемории ҳамагир ҳамдардии амиқ баён намуда, ба бемороне, ки гирифтори он мебошанд, шифои ҳарчӣ зудтар орзу кардааст.

"Ба ҷониби Туркия барои тақдими кумаки башардӯстонаи тиббӣ ва мусоидат дар баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан миннатдории ин ҷониб иброз карда шуд. Дар робита ба ин Президентҳо омодагии ҷонибҳоро ҷиҳати дар ояндаи наздик аз нав ба роҳ мондани парвозҳои мунтазамро байни ду кишвар таъкид карданд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки масъалаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия, аз ҷумла рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи амниятӣ ва муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои глобалӣ дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор доштанд.

838
Барчаспҳо:
парвозҳои мустақим, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Эмомалӣ Раҳмон, Туркия, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Зрители в кинотеатре

Дар ноҳияи Спитамен кинотеатри замонавӣ сохта мешавад

0
(Таҷдидшуда 15:26 03.08.2020)
Бино аз 7 ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он кинотеатри замонавӣ, дар ошёнаи якум нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дар ошёнаҳои боқимонда хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир мебошад

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен бо рафти корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.

Гуфта мешавад, ки Аҳмадзода сараввал дар Ҷамоати шаҳраки Навкат бо ҷараёни сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо нуқтаҳои хизматрасонӣ ва кинотеатри замонавӣ ошно шудааст.

"Иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кооперативи “Гулрез” сохта шуда истодааст. Масоҳати умумии сохтмон 1000 метри мураббаъро ташкил медиҳад", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи иттилои манбаъ, бинои сохташаванда тибқи лоиҳа аз 7 ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он кинотеатри замонавӣ, дар ошёнаи якум нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дар ошёнаҳои боқимонда хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир мебошад.

Филм барои +18 ё поинтар: тағйири қонуни Тоҷикистон “Дар бораи кино”

Мувофиқи харҷномаи пешакӣ арзиши умумии сохтмон зиёда аз 7 миллион сомониро ташкил мекунад. Корҳои сохтмониро бунёдкорони ҶДММ “Книал” бар дӯш дорад.

Раиси вилоят ҳангоми шиносоӣ барои бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ва ободонии атрофи иншоот ба масъулин супоришҳо додааст.

0
Барчаспҳо:
рушду ободонӣ, Раҷаббой Аҳмадзода, Суғд, Спитамен