Парчамҳои Эрон дар Теҳрон, акс аз бойгонӣ

Изи мо дар ҳамла нест: Эрон сафири Тоҷикистонро даъват карда, нотаи эътирозӣ супурд

229
(Таҷдидшуда 10:17 02.08.2018)
Вазорати хориҷаи Эрон ба иқдоми террористӣ дар ҷануби Тоҷикистон зидди гардишгарони хориҷӣ ва ба дунболи он, иддаои зиддиэронии Вазорати дохилии Тоҷикистон вокуниш нишон до

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Ҷумҳурии исломии Эрон бори дигар даст доштанаш дар ҳамлаи хунин ба гардишгарон дар Данғараро рад карда, ин маротиб ба сафири Тоҷикистон дар Эрон нотаи эътирозӣ супурдааст.

Ба нақл аз "Парс тудэй" Баҳроми Қосимӣ, сухангуи дастгоҳи дипломатияи Эрон  бо эъломи хабари эҳзори сафири Тоҷикистон дар Теҳрон тавассути мудири кулли Авруосиёои Вазорати умури хориҷии Эрон гуфт, маротиби эътирози шадид нисбат ба рафтори мақомҳои он кишвар дар ҳодисаи террори дучархасаворони хориҷӣ дар Тоҷикистон ва иттиҳомҳои беасос ба Эрон ба вай расонида шуд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон афзуд, дар ин дидор ба сафири Тоҷикистон гуфта шуд, ки ироаи унвони ғалат сабаби ҳаяҷон ва ташвиқи террористҳои такфирӣ барои ташдиди иқдомҳои хушунатбор шуда ва ба дар баробари он талош барои эҷод тафриқаи мазҳабӣ ва таблиғи он аз тарафи баъзе аз маҳофилу ашхоси динӣ ва расонаӣ натиҷае ҷуз эҷоди таниш, ноамнӣ ва афзоиши иқдомҳои террористӣ барои ин кишвар нахоҳад дошт.

Ӯ тасреҳ кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон омодагӣ дорад, ҳама таҷриба ва имконоти худро барои мубориза бо ҷараёни такфирии ифротгаро бо ҳадафи таҳкими сулҳу суботи минтақа ва фароҳам овардани муҳити амн барои иртиқои рифоҳ ва саодати мардум дар ихтиёри дигар кишварҳо қарор диҳад.

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон дар ин дидор зимни ибрози таассуф аз вақоеи пешомада изҳор дошт, маротиби эътирози давлати Ҷумҳурии Исломии Эронро ба иттилои мақомҳои кишвараш хоҳад расонд.

Эҳзори сафири Тоҷикистон ба Вазорати умури хориҷии Эрон пас аз он анҷом шуд, ки Вазорати умури дохилии Тоҷикистон пас аз кушта шудани чаҳор сайёҳи хориҷӣ дар ин кишвар дар рӯзи душанбе бо муттаҳам кардани Ҳизби наҳзати исломӣ ба дахолат дар ин ҳодиса муддаӣ шуд, раҳбари ин гурӯҳе, ки сайёҳҳонро террор кард, дар Эрон омӯзиш дидааст ва барои тазъифи давлати Душанбе ба ин ҳамла даст задааст.

Дар вокуниш ба ин иттиҳом ҲНИТ (мамнӯъ дар Тоҷикистон)ҳар гуна иртиботе бо ин ҳамла ва Эронро рад карданд. Ин дар ҳолест, ки гурӯҳи террористи ДОИШ рӯзи душанбе дар баёнияе эълом кард, қатли рӯзи чаҳор сайёҳи хориҷӣ дар ҷануби Тоҷикистон аз сӯйи аносири ин гурӯҳ сурат гирифтааст.

229
Барчаспҳо:
гардишгар, иттиҳом, ҳамла, Эрон, Тоҷикистон