ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп дар номае ба унвони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз раисҷумҳури ҶТ барои изҳори ҳамдардӣ дар қазияии ҳамлаи хунин ба гардишгарон дар Данғара изҳори сипос кардааст.Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад.
"Ман ба Шумо барои фиристодани номаи тасаллият пас аз ҳамлаи террористии бемантиқ, ки рӯзи 29 июли соли 2018 рух дод ва дар натиҷаи он ду шаҳрванди америкоӣ ва ду бегуноҳи дигар фавтиаанд, изҳорӣ сипос менамоям", — гуфта мешавад дар барқияи ҷаноби Трамп.
Дар ин нома раисҷумҳури Амрико гуфтааст, ки вокуниши Ҳукумати Тоҷикстонро дар ин қазия қадр мекунад.
"Ман вокуниши фаврии Ҳукуматро ҷиҳати дастгир намудани содиркунандагони ин ҷинояти зишт қадр мекунам. Ин ҳодиса баёнгари равшани зарурат ба ҳамкории амиқтар ва табодули маълумот байни кишварҳои мо дар оянда мебошад", — изҳор доштааст вай.
Ҳамла ба шаҳрвандони бегуноҳ ғайри қобили қабул аст ва мо бояд барои решакан кардани таҳдидҳои террористӣ нисбат ба ду халқи бузургамон якҷоя амал намоем. Маъмурияти ман барои мусоидат дар тафтиши ин ҳамлаи ваҳшиёна нисбат ба одамон ва тарзи ҳаётамон омода аст.
Мо бояд таҳким бахшидани риштаҳои дӯстии ду халқамонро идома диҳем ва итминон дошта бошем, ки чунин ҳамла дигар такрор нахоҳад шуд, афзудааст раисҷумҳур.
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Сенати Амрико номзадии Ллойд Остинро ба мақоми раҳбари Пентагон тасдиқ кард, хабар медиҳад РИА Новости.
Бар хабари манбаъ, ба ҷонибдорӣ аз Остин 93 сенатор раъй дода танҳо ду нафар мухолиф баромаданд. Як рӯзи пеш, аз номзадии ӯ кумитаи соҳавии сенатҳо пуштибонӣ кард.
Зимнан, ба довталабони ҳарбие, ки камтар аз ҳафт сол пеш ба нафақа баромадаанд, тасдиқи махсуси Конгресс зарур аст. Остин бошад, соли 2016 ба нафақа баромада буд.
Ллойд Остин 67 сол дорад ва дорои рутбаи генерали чаҳорситора аст. Остин аввалин сиёҳпӯст мебошад, ки ба вазорати мудофиаи ИМА роҳбарӣ мекунад.
Номбурда дар Олмон ва сартосари Амрико хидмат намуда, дар ҳайати фармондеҳи дивизия буд ва то соли 2006 ба рутбаи генерал-лейтенант расид.
Пентагон: коронавирус миёни низомиёни афғон густариши шадид ёфтааст
Соли 2010 Остин фармондеҳи қувваҳои Амрико дар Ироқ таъйин шуд ва масъули аз қаламрави ин кишвар берун овардани низомиёни амрикоӣ буд.
Моҳи декабри соли 2011, ӯ муовини фармондеҳи Ситоди артиш таъин шуд ва аз соли 2013–2016 фармондеҳии марказии Амрикоро раҳбарӣ кард. Вай дар ин вазифа дар таҳияи стратегияи Вашингтон дар мубориза бо "Давлати Исломӣ" нақши калидӣ дошт.
Пас аз ба нафақа баромадан дар 2016, ӯ дар ҳайати Шӯрои директорони бузургтарин истеҳсолкунандаи силоҳ Raytheon кор мекард.
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷӣ, нахустин даври ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Салтанати Умон дар шакли маҷозӣ баргузор шуд.
“Ҳайатҳои тарафҳоро муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва Муовини вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон Шайх Халифа бин Алӣ ал- Ҳорисӣ роҳбарӣ намуданд”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, дар ройзаниҳо масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Умонро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, сайёҳӣ, кишоварзӣ, саноат, алоқаи ҳавоӣ, таҳкими пояи шартномавӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.
Афзоиши содироти ширинӣ ва шакалоти Эрон ба Тоҷикистон
Ҷонибҳо барқарорсозии тамосҳои сатҳи олӣ ва табодули боздидҳоро дар рушду нумӯи ҳамкориҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ намуда, зимнан зарурати татбиқи Барномаи иҷроӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2020-2022-ро, ки ҳангоми сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Масқат 19 декабри 2019 ба имзо расида буд, таъкид карданд.
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Фонди сармоягузории мустақими Русия бо як истеҳсолкунандаи пешбари маҳсулоти дорусозии Туркия оид ба истеҳсоли ваксинаи коронавируси "Спутник V" дар Туркия шартнома ба имзо расонидааст, хабар медиҳад РИА Новости.
"Ҳаҷми эҳтимолии истеҳсол миллионҳо дозаи ваксинаи "Спутник V" дар як сол аст. Масъалаи тавсеаи эҳтимолии истеҳсолот дар оянда низ баррасӣ мешавад. Ваксина ҳам ба бозори дохилии Туркия ва ҳам ба кишварҳои дигар интиқол меёбад", - таъкид мешавад дар хабар.
Фонди сармуягузории мустақими Русия мегӯяд, шарикони туркӣ ба ваксинаи сохти русӣ, ки 90 дарсади сареҳияти он собит шудааст, таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.
Ваксинаи "Спутник V", ки аллакай аз озмоиши пурраи клиникӣ баромадааст ва мавриди истифода қарор гирифтааст, дар кишварҳое чун Беларуссия, Аргентина, АМА, Маҷористон, Сербия, Боливия, Алҷазоир, Фаластин, Венесуэла, Парагвай ва Туркманистон роҳ ёфтааст.
Ҳоло бошад раванди сабти ном шудани он дар Иттиҳоди Аврупо идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 19 январ тавассути ҳавопаймо ваксинаи мазкур ба низ Тоҷикистон интиқол ёфт ва маъракаи эмгузаронӣ бар зидди коронавирус дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон оғоз ёфтааст.
Эмгузаронии низомиёни рус дар Тоҷикистон оғоз шуд – видео
Нахустин маъракаи эмгузаронӣ аз пизишкони беморхонаи 451-уми ҳарбии Русия шурӯъ шуда буд. Сипас эмгузаронӣ миёни ҳайати фармондеҳон, қувваҳои навбатдории пойгоҳ ва сарбозон, идома ёфт.
Дар маҷмӯъ, ба ҷумҳурӣ 1100 адад воя воксина расонида шуд. Барои амн нигоҳ доштани воксинаҳо, онҳо дар сандуқҳои махсус интиқол ёфтанд.