Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Аввалин сафар баъди 17 сол: рӯзи сафари Раҳмон ба Узбакистон маълум шуд

1129
(Таҷдидшуда 14:19 11.08.2018)
Сафари дарпешистодаи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон дар торихи Узбакистону Тоҷикистон рамзӣ хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 17-18-уми август бо сафари давлатӣ вориди Узбакистон мешавад, хабар медиҳад РИА Новости.

Ин сафари Раҳмон баъди аз 17 соли бори аввал аст.

"Интизор меравад, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 17-18-уми август  дар Узбакистон қарор гирад. Сафари раисҷумҳур рухдоди таърихӣ ва рамзие дар рушди муносибатҳои ду кишвар хоҳад гардид, — омадааст дар иттилои манбаъ.

Ёдрас мешавем, раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар рафти сафари расмӣ ба Тоҷикистон аввалҳои моҳи марти соли 2018 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо сафари ҷавобӣ ба кишвар даъват карда буд.

Коршиносон аз ин дидори сарони кишварҳо умеди калон доранд. Интизор меравад, ки маъалаи демаркатсия байни ду кишвар пурра ҳалли худро меёбад. Яке аз минтақаҳои марзии Тоҷикистону Узбакистон пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ то ҳол нишонагузорӣ нашудааст.

Раисҷумҳурро дар ин сафар афзун ба ҳайъати расмӣ намояндагони фарҳангу илми Тоҷикистон ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

1129
Барчаспҳо:
сафари расмӣ, Шавкат Мирзиёев, Эмомалӣ Раҳмон, Узбакистон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Аввалин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон баъди 17 сол (18)