Кишвардори Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо унвони нав сазовор шуд

Ба Эмомалӣ Раҳмон дар Озарбойҷон унвон доданд

142
(Таҷдидшуда 18:44 11.08.2018)
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони “Доктори фахрӣ” - и Академияи дипломатии Озарбойҷон сарфароз гардид

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik.Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар Озарбойҷон бо унвони "Доктори фахрӣ" — и Академияи дипломатии Озарбойҷон сарфароз гардониданд. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳур иттилоъ медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, раисҷумҳур имрӯз дар ҷамъамади тантанавие дар Академияи дипломатии Озарбойҷон ба ин унвони нав соҳиб гардид.

"Ректори академия Ҳафиз Пашаев ба Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми назаррас, талошҳову ташаббусҳо дар таъмини сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон, таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон ва рушди робитаҳои илмии муассисаҳои олии таълимии ду кишвар Унвони Олии "Доктори фахрӣ"- и Академияи дипломатии Озарбойҷонро тақдим намуд", — менависад манбаъ.

Кишвардори Тоҷикистон дар дар назди устодону донишҷӯён суханронӣ карда, барои пазироии самимӣ ва аз ҷониби Шӯрои илмии Академия бо унвони олии "Доктори фахрӣ" қардшиносӣ гардидан, изҳори сипос кардааст.

142
Барчаспҳо:
унвон, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон