Шавкат Мирзиёев Эмомалӣ Раҳмонро гусел кард

© Дафтари матбуотии раисҷумҳури УзбакистонМаросими гусели раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз Самарқанд
Маросими гусели раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз Самарқанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон ба Узбакистон ба анҷом расид. Дар фурудгоҳ Эмомалӣ Раҳмонро Шавкат Мирзиёев шахсан гусел кард

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон ба анҷом расид. Раисҷумҳур Раҳмонро аз фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд президент Шавкат Мирзёев гусел кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Узбакистон.

Ёдрас мешавем, кишвардори Тоҷикистон пас аз 17 сол бори аввал бо сафари расмӣ 17 август вориди Тошканд шуд.

Дар рафти ин сафар ҷонибҳо 27 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд, ки муҳимтаринашро худи раисҷумҳури Тоҷикистон созишнома дар бораи ҳамкориҳои стратегӣ номид.

Лентаи хабарҳо
0