Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ

Раҳмон барои ширкат дар ҷаласаи наҷоти Арал ба Туркманистон меравад

251
(Таҷдидшуда 11:29 23.08.2018)
Инчунин раисҷумҳур дар ҳошияи ширкат дар ҷаласа чандин мулоқоти дуҷониба анҷом хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов 24 августи соли равон  барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони минтақа — "Бунёди байналмилалии начоти Арал" ба Туркманистон сафар хоҳад кард. Дар ин бора хабаргузории ТоҷикТА иттилоъ медиҳад.

"Қарор аст дар ҷаласаи мазкур, ки дар шаҳри Туркманбошӣ баргузор мешавад,  масъалаи ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар беҳтар намудани вазъи экологии ҳавзаи дарёи Арал дар шароити тағйири иқлими саросарӣ баррасӣ шавад", — таъкид кардааст манбаъ.

Интизор меравад, пас аз маҷлис баёнияи муштараки Шӯрои сарони кишварҳо ҳавзаи дарёи Арал қабул гардад.

Тибқи иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи мазкур чанд мулоқоти дуҷониба анҷом хоҳад диҳад.

"Бунёди байналмилалии начоти Арал" соли 1993 бо ибтикори раисҷумҳури панҷ кишвари Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон) ташкил шуда буд. 

251
Барчаспҳо:
дарёи Арал, маҷлис, Шӯро, Туркманистон, иштирок, Эмомали Рахмон, Тоҷикистон