Шойгу ба афсари тоҷик Рустам Ҷабборов медал дод

© SPUTNIK / АНТОН КУРИЛКИНТаджикский подполковник Рустам Джабаров
Таджикский подполковник Рустам Джабаров - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Подполковники тоҷик Рустам Ҷабборов барои таҳкими ҳамкориҳои низомӣ аз ҷониби вазири дифои Русия қадрдонӣ гардид

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Подполковники тоҷик Рустам Ҷабборов бо фармони вазири дифои Русия Сергей Шойгу барои хизматҳояш дар тавсеаи ҳамкориҳои низомӣ бо медал қадрдонӣ гардид.

Медали "Барои тавсеаи ҳамкориҳои низомӣ" ба афсари тоҷик дар маросими ботантанаи размоиши кишварҳои СҲШ "Мирная миссия-2018" супурда шуд.

Афзун бар ин, подполковники Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Ҳусейн Қориев дар ин размоиш ҷоиза гирифт.

Ҳамчунин вазири дифои Русия майори Қувваҳои мусаллаҳи Қазоқистон Фарҳод Расқулов, сенжанти Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон Исо Матраимов, низомиёни  Ҳиндустон, Покистон ва Чинро қадрдонӣ кардааст.

Лентаи хабарҳо
0