Парчами Покистон

Шодбошии Эмомалӣ Раҳмон ба Ориф Раҳмон барои интихоб шуданаш ба мақоми президентӣ

219
Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон, Ориф Раҳмон Алвӣ, раисиҷумҳури тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистонро шодбош гуфтааст

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба интихоб гардидани Ориф Раҳмон Алвӣ ба маснади олии раисиҷумҳури Покистон ӯро табрик карда, сиҳатмандии комилу саодат ва дар фаъолияти давлатӣ комёбиву дастовардҳои навин орзу намудаст.

"Мо аз сатҳи имрӯзаи ҳамёрии васеъ бо кишвари Шумо қаноатмандем ва ба дурнамои он дар бахшҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн назари некбинона дорем",  - омадааст дар паёми шодбошии Эмомалӣ Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба Ориф Раҳмон изҳори боварӣ кардааст, ки тавассути кӯшишҳои якҷоя сатҳи равобити дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи кишварҳо ба нафъи мардумони ду кишвар ба зинаҳои боз ҳам баландтар бардошта хоҳанд шуд.

Ориф Раҳмон Алвии 69-сола рӯзи якшанбе барои нишастан ба маснади раисиҷумҳури Покистон  савганд ёд кард.

219
Барчаспҳо:
Ориф Раҳмон, пирӯзӣ, интихобот, раисиҷумҳур, мақом, шодбошӣ, Тоҷикистон-Покистон