Ҷаласаи Жогорку Кенеш, акс аз бойгонӣ

Наздикшавии ҳамсояҳо: Бишкек ҳузури беқайди тоҷикистониёнро иҷозат медиҳад

413
(Таҷдидшуда 14:41 12.09.2018)
Парлумони Қирғизистон созишномаи Ҳукумати ин кишвар бо Тоҷикистонро дар бораи сабукӣ барои ҳузури шаҳрвандони ду давлат дар қаламрави ҳамдигарро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти "Жогорку Кенеш", созишномаи мазкур имкон медиҳад, ки шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар давоми 60 рӯз бидуни қайд дар мақомоти дахлдор ҳузур дошта бошанд.

Манбаъ изҳор доштааст, ки созишномаи мазкур 1 феврали соли равон дар шаҳри Душанбе миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Қирғизистон имзо шуда буд.

Дафтари матбуоти "Жогорку Кенеш" афзуд, ки вакилони Қирғизистон дар пайи нахустин баррасӣ созишномаро барои овоздиҳӣ равон карданд.

Созишномаи Тоҷикистону Қирғизистон барои сабукӣ ба шаҳрвандони ду кишвар  дар ҳолест, ки роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ахиран азмашонро барои ҳамгироии бештар эълон карданд.

Қаблан Тоҷикистону Узбакистон барои сафари шаҳрвандони ду кишвар сабукиҳо ироа намуда, изҳор доштанд, ки муқаррароти нав барои наздикшавии сокинони минтақа мусоидат хоҳад кард.

413
Барчаспҳо:
ҳузури беқайд, сабукӣ, сабти иқомат, созишнома, сафар, Тоҷикистон-Қирғизистон