Рустам Азизӣ

Суҳбати Азизӣ баъди бозгашт аз Варшава: вазъи ҲНИ дар Аврупо устувор нест

2094
(Таҷдидшуда 18:54 18.09.2018)
Рустам Азизӣ, муовини директори Маркази исломшиносии Тоҷикистон дар пайи бозгашт аз нишасти солонаи САҲА дар Варшава бардошташро аз ҳамоиш ба хабаргузории "Ховар" баён доштааст

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Рустам Азизӣ изҳор доштааст, ки ҳадафи аввали ҳайати расмии Тоҷикистон дар нишасти Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо баёни мавқеи расмии  Ҳукумат ва ниҳодҳои дахлдори кишвар ва мақсади дуюм посух  ба ин ё он савол ё туҳматҳое, ки пайдо шудаанд.

Рустам Азизӣ гуфтааст, ки дар ҷаласаи панҷуми нишасти САҲА дар бораи баъзе гурӯҳҳое, ки дар асоси идеологияи хушунат, бадбиниву даъват ба зӯроварӣ дар асоси андешаи динӣ ва ақидаҳои сиёсӣ мавҷуданд, изҳори ташвиш намуда, мавқеи Тоҷикистонро ба иштирокчиён расонидаст.

"Боиси таассуф аст вақте ки як ташкилот дар интишороти расмии худ, яъне аз номи ҳизб адабиёти гуногунеро бо теъдоди зиёд нашр карда, матолиберо расман интишор менамояд, ки рӯирост дар байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барангехтани кинаву адовати  миллӣ матлаб пешниҳод мекунад. Дар нишаст бо зикри санад,  саҳифаҳо ва солҳои нашри китобҳо оид ба намунаҳои зиёди бадбинӣ нисбат ба пайравони ҳамаи динҳо, аз ҷумла, пайравони дини ислом, масеҳиён ва яҳудиён маълумот пешниҳод намудем", — афзудааст Азизӣ.

Ӯ изҳор доштааст, ки дар пайи пешниҳоди далелҳо баъзе аз ҷонибҳо изҳор доштанд, ки "мо огоҳ набудем — ин ҳизбе, ки худро ҳамчун ҷабрдида ба мо ҷилва медиҳад, чунин идеология доштааст".

Ба гуфтаи Азизӣ дар пайи пешниҳоди далелҳо як қатор созмонҳое, ки алайҳи яҳудиситезӣ мубориза мебаранд,  аз ӯ хостанд дар ин масъала ба онҳо маълумоти бештар пешниҳод кунад.

"Имрӯз вазъи намояндагони ТЭТ ҲНИ* дар Аврупо чандон устувор нест", — таъкид намудааст муовини раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон.

Далели мавқеи ноустувори наҳзатиҳоро дар Аврупо Рустам Азизӣ ба собиқаи онҳор рабт додааст.

"Ҷомеаи Аврупо оҳиста-оҳиста аз собиқаи таърихии ин ҳизби террористӣ-экстремистӣ* огоҳ шуда истодааст. Намояндагони онҳо ҳам дар ҷангҳо буданд ва ҳам адабиёти болозикрро паҳн менамуданд. Онҳо бояд ҳарчи зудтар аз собиқаи шахсияшон худро канда ва намояндагонашонро ба гурӯҳҳои гуногун тақсим кунанд, то ин ки агар  ҳизб бо чунин ном дар Аврупо мамнуъ шавад,  онҳо тавонанд дар онҷо амал кунанд", — изҳор доштааст Рустам Азизӣ.

Ҷаласаи арзёбиҳои ҳуқуқи башари САҲА, ки рӯзи 10-уми сентябр дар шаҳри Варшава оғоз шуд, дар баробари фаъолони мухолифин дар хориҷи кишвар, аз ҷумла аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, чанд мақоми баланпояи кишварро аз Душанбе ба ҳам овард.  

Ҳайати расмии Тоҷикистон ҷаласаро, ки  аз 10 то 21 сентябр сурат мегирад,  қабл аз анҷоми он тарк карда, ба Душанбе баргашт. Аъзои ҳайати Тоҷикистон изҳор доштанд, ки хостаҳояшонро аз иштирок дар нишаст анҷом доданд ва онро тарк намуданд.

Ҳамоиши солонаи САҲА барои баррасии иҷрои уҳдадориҳо дар мавриди ҳуқуқи инсон, бузургтарин рӯйдоди сол дар ин бахш арзёбӣ шуда, имсол дар он 1800 намоянда аз 57 кишвари узв ва шарикон иштирок доранд.

2094
Барчаспҳо:
Рустам Азизӣ, САҲА, мухолифин, ҳамоиш, ҳукумат, Тоҷикистон