Тахриби бино, акс аз бойгонӣ

Тахриби хонаи сокинон дар Тошканд барои бунёди сафорати Тоҷикистон

302
Мақомоти Узбакистон таҳти назорати шахсии сарвазир Абдулло Орипов шаби шанбеи гузашта 79 хонаи истиқоматиро дар маҳаллаи Себзори Тошканд тахриб кардаанд

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Тибқи иттилои расонаҳои Узбакистон, Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Тошканд дар ҷои ҳодиса ба хабарнигорон гуфт, дар ин макон бинои сафорати Тоҷикистон, Чин ва Ҳинд бунёд хоҳад шуд. Ӯ таъкид намуд, ки сокинони хонаҳои тахрибшуда дар биноҳои навбунёд бо манзил таъмин шудаанд.

Холӣ кардани ҷой барои бунёди сафорати Тоҷикистон дар Узбакистон дар ҳолест, ки моҳи августи соли равон Эмомалӣ Раҳмон низ бо имзои қарори Ҳукумати барои ҷудо намудани замин ба Узбакистон дастур дода буд.

Тибқи қарори Ҳукумат дар замини ҷудошуда бинои намояндагии дипломатии Узбакистон дар Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд.

302
Барчаспҳо:
хонаҳои нав, тахриб, сафорат, Тоҷикистон-Узбакистон