Сӯҳбати самимӣ: занги телефонии Путин аз Ҳундустон ба Эмомалӣ Раҳмон

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин и глава Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент РФ Владимир Путин и глава Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия, ки бо сафари расмӣ дар Ҳиндустон қарор дорад, ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба Ҷопон занг зада, мулоқот кардааст

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Русия Владимир Путин сӯҳбати телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

"Дар суҳбати телефонӣ  Владимир Путин  Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати зодрӯз самимона табрику шодбош гуфт", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Ҷонибҳо дар идомаи суҳбати самимӣ доир ба вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Русия табодули афкор намуда, омодагиву ҳавасмандии худро барои боз ҳам тақвият бахшидани муносибатҳотаъкид доштанд, афзудааст манбаъ.

Ёдрас мешавем, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 3 октябр бо сафари расмӣ дар Ҷопон қарор дорад. Президенти Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Ҳиндустон сафар кардааст.

Пештар Путин ба Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол карда буд.

Лентаи хабарҳо
0